Самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон дар Тошканд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (Constituency Meeting) дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба вазъи кунунии иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии Тоҷикистон маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии Асъор, бахусус татбиқи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI), Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими шаффофият, беҳтар намудани идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Дар анҷоми мулоқот ба Бо Ли ва намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор барои ҳамкории мутақобиланд судманд изҳори сипос карда шуд.
Инчунин 29 июн Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар муҳокимаи сатҳи баланд таҳти унвони «Пайвастагии минтақавӣ: ҳамкорӣ, сармоягузории бахши хусусӣ ва савдои озод» иштирок намуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва тақвияти тиҷорати байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин замина, ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар шарикони рушд барои татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар ҷараёни муҳокима намояндагони мамлакатҳои аъзои гурӯҳ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои коршиносӣ масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, рушди шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ, тавсеаи тиҷорати байнидавлатӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, инчунин ҷалби сармояи хусусиро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор (Constituency Meeting), баргузор гардид, ки имрӯз идома дорад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






