ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 июн, чоршанбе, 168-умин рӯзи соли 2026 аст
17 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
17 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
***
17 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасӣ гардид.
***
17 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Гурӯҳи махсуси иттилоотӣ доир ба масоили оби Комиссияи Миллии Ассамблеяи Франсия оид ба корҳои хориҷӣ мушкилоти вобаста ба об дар минтақаю ҷаҳон ва роҳҳои истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар писару духтарони ятим мулоқот намуда, ба ҳар яки онҳо кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
17 ИЮН:
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ
***
Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ
РӮЙДОДҲО:
17 июни соли 2013 дар шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент коргоҳи холисгардонии тилло дар назди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки «Зарафшон» ифтитоҳ ёфт.
***
17 июни соли 2014 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ба имзо расид.
***
17 июни соли 1801 дар Петербург Конвенсияи дӯстии Русия ва Англия ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 1867 ҷарроҳи англис Ҷозеф Листер аввалин маротиба дар таҷрибаи тибби англисҳо антисептик (тамиз кардани ҷароҳат)-ро ҷорӣ намуд.
***
17 июни соли 1990 дар Киев Иттифоқи «Чернобил» таъсис ёфтааст.
***
17 июни соли 1925 Протоколи Женева оид ба манъи дар ҷангҳо истифода бурдани гази нафасгардон, заҳролуд, дигар намудҳои он ва ё воситаҳои бактереологӣ ба имзо расид.
***
Соли 1960 дар Помир маркази табобатии «Гармчашма» ифтитоҳ гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июн, сешанбе, 166-умин рӯзи соли 2026 аст
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






