ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 июн, ҷумъа, 170-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 19, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

19 июни соли 2017 дар Қасри миллат дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Шурои директорони Бонки Осиёии рушд ҳолати вақт ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати «Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи тамоку» маросими супоридани «Медали Созмони ҷаҳонии тандурустӣ» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

***

19 июни соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» мавриди истифода қарор дода шуд.

19 ИЮН:

Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона.

РӮЙДОДҲО:

 19 июни соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 5-уми Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсзян- Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

***

 19 июни соли 2013 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои хизматрасонии «ТОҶ СИТӢ»- ифтитоҳ гардид.

***

19 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 дастаи мунтахаби Италия чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд. Дар мусобиқаи финалӣ онҳо тавонистанд дастаи пурқуввати ҳарифашон-Венгрияро бо ҳисоби 4:2 шикаст диҳанд.

***

19 июни соли 1968 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи амнияти кафолати ваколати кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ надоранд, қатънома қабул кард.

***

Соли 1962 аввалин Анҷумани зиёиёни Тоҷикистон баргузор шуд.

***

Соли 1944 дар Англия кабобе омода карда шуд, ки зиёда аз 880 метр дарозӣ дошт ва ба китоби «Рекорди ҷаҳон» ворид карда шуд.

Июнь 19, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш