ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, якшанбе, 179-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 28, 2026 08:00

 28 июни соли 2025 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон, ки қисми шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб мебошад, мавриди истифода қарор дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 дар шаҳри Хоруғ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Пешвои миллат  сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро дар панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, барои иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои нав гузоштанд.

***

28 июни соли 2022 дар Қасри миллат музокироти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид. Зимни мулоқот сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои тамоми маҷмӯи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои  ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2021  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти  Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари корӣ дар мамлакати мо қарор доштанд,  бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии «Баҳор», воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

***

28 июни соли 2016 бо иштироки  Президенти  мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи гарнизони Хоруғ расми гузашти низомӣ ва намоиши техикаҳои ҳарбӣ доир гардид.

***

28 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» шинос шуданд. Дар инҷо Сарвари давлат нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд. Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи  «Қолинҳои Қайроққум»  то ин замон аз хориҷи мамлакат, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

***

 28 июни соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот намуданд. Пеш аз натиҷагирӣ аз сафари бобарору созандаи корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнону Ишкошим, ки аз 25 то 28 июн ҷараён дошт, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро бо ҷашнҳои умумимиллӣ — 19 — умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25 — солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

***

28 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро, ки Маҷлиси намояндагон қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда буданд,  аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»-ро ба имзо расониданд.

28 ИЮН:

Дар Қазоқистон — Рӯзи кормандони алоқа ва иттилоот.

РӮЙДОДҲО:

28 июни соли 2013 «Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2013-2017» тасдиқ карда шуд.

***

28 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Маркази иттилоотӣ-захиравӣ таъсис дод.

***

28 июни соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ба тасвиб расид.

***

28 июни соли 1944 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои дипломатиашро бо Финландия қатъ кард.

***

28 июни соли 2000 Парлумони Эстония бо мақсади ҳимояи саломатии шаҳрвандон Қонун «Дар бораи манъи истеъмоли тамоку»-ро қабул кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1965 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳама киштии калонтарини зериобӣ ба ҳаракат дароварда шудааст.

 

Июнь 28, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш