ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 июн, душанбе, 180-умин рӯзи соли 2026 аст
7 сол пеш, 29 июни соли 2019 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли трактор шинос шуданд. Корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Беларус буда, бо Тоҷикистон ва зиёда аз 70 давлати олам ҳамкорӣ дорад.
***
29 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Швейтсария, баррасӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2021 изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон пешниҳод гардид.
***
29 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Кумар Лаҳирӣ масоили ҳамкории гуногунҷанба бо ин ниҳоди минтақавии молиявӣ, ки аз ниҳодҳои асосии мададрасони Тоҷикистон ба шумор меравад, баррасӣ шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон барқияи тасаллият ирсол намуданд.
РӮЙДОДҲО:
29 июни соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз майдони Дӯстии шаҳри Душанбе дидан намуда, ҳамчун нишони эҳтиром ба арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангӣ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
***
29 июни соли 2012 «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» тасдиқ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария машварати сиёсӣ баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1957 аввалин Фестивали ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Соли 1953 дар шаҳри Ҳисор осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба истифода дода шуд.
***
Соли 1958 Бразилия аввалин маротиба Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол гардид.
***
Соли 1986 дар Мексика тими Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Германияро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуда, унвони чемпионӣ ба даст овард.
***
Соли 1995 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ бинои Созмони ҷаҳонии савдо чаппа шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.
***
Соли 1998 барои зиёдтарин воридшавандагони сомонаҳои интернетӣ рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд. Дар он сол ба сомонаи расмии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар як дақиқа зиёда аз 235 ҳазору 150 нафар ворид шуданд.
***
Соли 1855 дар Лондон аввалин шумораи рӯзномаи «The Daily Telegraph» нашр шудааст. Соли 2006 теъдоди нашри он ба зиёда аз 900 ҳазор нусха расида буд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 июн, якшанбе, 179-умин рӯзи соли 2026 аст






