Татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид

Июнь 22, 2026 11:18

ДУШАНБЕ, 22.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ  Усмонзода оид  ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз намуд, ки рушди соҳаи алоқа ва татбиқи технологияҳои рақамӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии мамлакат ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо аҳамияти калидӣ дорад.

«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба рушди зерсохтори рақамӣ, густариши шабакаҳои нахи оптикӣ, амалӣ намудани технологияҳои насли панҷуми алоқа (5G), таъсиси марказҳои коркарди маълумот ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамкории самаранок бо бахши хусусӣ ва шарикони рушдро омили муҳими пешрафти соҳа медонад»,- гуфт Усмоналӣ Усмонзода.

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло афзуд, ки татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040» барои ташаккули муҳити муосири рақамӣ, баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати алоқа ва рушди иқтисоди рақамӣ аҳамияти хос дорад.

«Ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии соҳа танҳо тавассути ҳамкории густурдаи сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷомеаи коршиносӣ имконпазир мебошад»,-иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040»  самтҳои асосии рушд, аз ҷумла ташаккули экосистемаи муосир, устувор ва рақобатпазири алоқа, тавсеаи зерсохтори рақамӣ, рушди хизматрасониҳои инноватсионӣ, амалӣ намудани технологияҳои насли панҷуми алоқа (5G), густариши шабакаҳои нахи оптикӣ, истифодаи имкониятҳои моҳвораӣ, инчунин рушди сармояи инсонӣ, саводнокии рақамӣ, ҳуши маснӯӣ ва амнияти киберӣ баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии рақамӣ дар соҳаи алоқа ҳамчун механизми марказии ҳамоҳангсозии талошҳои шарикон, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, мутобиқсозии сиёсатҳо ва суръат бахшидан ба татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040» пешниҳод гардид.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2026 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид