Тоҷикистон барои Эъломияи Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар Арабистони Саудӣ самтҳои афзалиятнокро пешниҳод намуд

Июнь 30, 2026 16:38

ДУШАНБЕ, 30.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки Эъломияи вазирони Форуми 11-уми ҷаҳонии об бояд панҷ самти афзалиятнок — эътирофи об ҳамчун афзалияти стратегии ҷаҳонӣ, татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об, афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтори устувори об, таҳкими ҳамоҳангсозии сохторҳои байналмилалӣ ва рушди ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об дар заминаи эътимод ва манфиати мутақобиларо дар бар гирад. Ин пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии вазирон, ки дар доираи Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 11-уми ҷаҳонии об дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, садо дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 11-уми ҷаҳонии об муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода иштирок намуда, иброз дошт, ки имрӯз масъалаи об аз доираи масъалаҳои экологӣ берун рафта, ба яке аз афзалиятҳои стратегии рушди устувор, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳкими сулҳу субот табдил ёфтааст.

Ҷамшед Шоимзода аз саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, гуфт, ки Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 масъалаи обро дубора ба меҳвари рӯзномаи Созмони Милали Муттаҳид баргардонида, «Рӯзномаи амал оид ба об»-ро ҳамчун платформаи асосии татбиқи амалҳои муштарак таъсис дод.‎ Ҳамзамон вобаста ба натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ибрози назар гардид.

Интизор меравад, ки Форуми 11-уми ҷаҳонии об моҳи марти соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор гардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2026 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд