ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июл, сешанбе, 195-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 14, 2026 08:00

14 июли соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

***

14 июли соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.

***

14 июли соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати «Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъият ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои таҳқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии Нергоҳи барқи обии «Норак», дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқарорсозии неругоҳи «Норак», лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ намуданд.

***

14 июли соли 2017 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президент — Мудири иҷроияи ширкати «Ҷенерал Электрик»-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллеттро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати амрикоӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо- вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмонро ба ҳузур пазируфтанд.

***

14 июли соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам муҳтарам Нгуен Суан Фук ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду мамлакат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

Соли 2023 чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шурои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027  интихоб гардид.

14 ИЮЛ:

Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.

***

Дар Фаронса иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2009 дар варзишгоҳи «Металлург» чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олии  «Регар-ТадАЗ» бо клуби «Энергетик»-и Душанбе баргузор гардид.

***

14 июли соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

***

14 июли соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1952 ширкати амрикоии «Ҷенерал моторз» эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

***

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Июль 14, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш