ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 июл, шанбе, 199-умин рӯзи соли 2026 аст

Июль 18, 2026 08:00

18 июли соли 1997 Конференсияи таъсиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид.

***

 18 июли соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти  Федератсияи Русия Дмитрий Медведев масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро муҳокима намуданд.

***

18 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва мулоқоту суҳбат бо мардум ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар намуданд. Сарвари давлат бо фаъолияти якчанд хоҷагии деҳқонӣ, шабакаҳои обрасонӣ, маркази илмию таҷрибавии Академияи кишоварзӣ ва корхонаи парвариши гулмоҳӣ шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

***

18 июли соли 2022 дар Осорхонаи вилоятии таърихӣ-кишваршиносии «Авесто»-и шаҳри Бохтар шакли хурди намоиши «Тоҷикистон–мамлакати дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардида, то 29 июл идома ёфт.

***

Соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши нахустини Шурои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ вориди шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд.

18 ИЮЛ:

Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела.

***

Дар Испания- Рӯзи меҳнат.

***

Дар Русия- Рӯзи хизматчиёни хадамоти ҳифзи ҳуқуқи корҳои дохилӣ.

***

Дар Уругвай – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

18 июли соли 1916 иттифоқҳои касабаи Англия ба мувофиқа расиданд, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ таҷлил намудани ҷашнҳо манъ карда шавад.

***

18 июли соли  1923 мувофиқи қонуни модаршоҳӣ ба занони британиягӣ ҳангоми ҷудошавии  оилаҳо ҳуқуқи бо мардон баробар дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Коста-Рика фаъолияти Ҳизби коммунистӣ қатъ карда шуд.

***

18 июли соли 1950   Англия содироти нафтро ба Чин манъ кард.

***

18 июли соли 1968  ширкати «Intel» таъсис дода шуд.

***

18 июли соли 1985 аввалин «Тетрис» сохта шуд. Он яке аз бозиҳои машҳури компютерӣ мебошад, ки аз ҷониби  барномасози рус Алексей Пажитнов сохта шудааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1872 дар Британияи Кабир аввалин маротиба дар интихобот овоздиҳии пинҳонӣ ба қайд гирифта шуд.

***

Соли 1931 дар Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киштие, ки дар он ҳавополо (кондиционер) насб гардида буд, ба ҳаракат даромад.

Июль 18, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш