«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Геология, ки яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад, давоми 35 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Имрӯз Тоҷикистон истеҳсолкунандаи тилло, нуқра, сурбу руҳ, сурмаву симоб, ангишт, нафту газ, намаки ошӣ, маводи агрономиву сохтмонӣ, баъзе намудҳои сангҳои қиматбаҳо ва бисёр намудҳои дигари сарватҳои зеризаминӣ ба ҳисоб меравад, ки ин натиҷаи меҳнати пурмашаққати геологҳои тоҷик мебошад.
Сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва минералҳои дорои аҳаммияти стратегӣ дар рушди иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд. Захираҳои мазкур на танҳо сарчашмаи ашёи хоми саноатӣ, балки омили рушди саноати истихроҷу коркард, саноати заргарӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойи нави кор, ҷалби сармоя ва афзоиши иқтидори содиротии аммлакат ба ҳисоб мераванд. Хусусан, минералҳои стратегӣ, аз қабили литий, тантал, ниобий, бериллий, иттрий, унсурҳои нодирзамин ва сирконий барои рушди электроника, энергетикаи «сабз», истеҳсоли аккумуляторҳо, мошинҳои барқӣ ва дигар технологияҳои муосир аҳаммияти калидӣ доранд. Аз ин рӯ, омӯзиши илмӣ, истифодаи оқилона ва коркарди дохилии чунин захираҳо метавонад ба гуногунҷабҳа намудани (диверсификатсияи) иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати Тоҷикистон мусоидат намояд.
Дар робита ба аҳаммияти ин захираҳо, натиҷаҳои корҳои иктишофи геологӣ, дастовардҳои соҳаи геология дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши онҳо дар рушди саноатикунонии мамлакат хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» Фирӯз Абдуллоҳзода суҳбат анҷом дод.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Фирӯз Абдуллоҳзода, имсол 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар ин давра соҳаи геология ва омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ дар рушди иқтисоди миллӣ чӣ нақш дошт?
Фирӯз Абдуллоҳзода: 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ҳамватанони мо ҷашни бузурги миллист. Истиқлол барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла геология имконоти нав фароҳам овард.
Давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии мамлакат табдил ёфт. Геологҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корҳои ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ ва арзёбии захираҳои маъданӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороиширо анҷом доданд. Ин таҳқиқот барои васеъ намудани заминаи ашёи хоми саноатӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва коркарди маъдан аҳаммияти калон доранд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Экспедитсияи иктишофи геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» низ дар ин раванд саҳм гузоштааст. Корхона аз соли 2010 инҷониб дар асоси барномаҳои давлатии рушди соҳаи геология корҳои ҷустуҷӯӣ ва арзёбиро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат амалӣ намуда, дар самти муайян кардани зуҳуроти нави сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва минералҳои дорои аҳаммияти стратегӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
АМИТ «Ховар»: Муҳимтарин дастовардҳои корхонаро дар солҳои охир чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо омӯзиши ҳамаҷонибаи майдонҳои ояндадори геологӣ мебошад. Дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2012–2020» корҳои ҷустуҷӯӣ дар шаш объекти сангҳои ранга анҷом дода шуданд. Дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021–2030» корҳои ҷустуҷӯӣ дар се объекти сангҳои ранга ва ду объекти дорои металлҳои нодир ба роҳ монда шуданд.
Аз дастовардҳои муҳим метавон омӯзиши минтақаи Ҷанубу Ғарбии Помири ноҳияи Роштқалъаро ном бурд. Дар ин минтақа минерализатсияи гранат, офит, оникси мармарӣ, кахолонг, агат ва берилл муайян гардид. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ ҳафт зуҳуроти нави геологӣ кашф гардид.
Аз ҷумла, зуҳуроти оникси мармарии Кӯг, офити Друмдара, офити Пайдара, кахолонги Советобод, берилли Бароҷ, халседони Дӯзахдара ва гранати Кӯг кашф карда шуданд. Шаш зуҳурот аз рӯи густариш, ғафсӣ ва сифати маъдан ҳамчун объектҳои ояндадор арзёбӣ гардида, барои идомаи корҳои ҷустуҷӯӣ-арзёбӣ тавсия шудаанд.
Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ якчанд зуҳуроти ояндадори офит, оникси мармарӣ, кахолонг, берилл ва агат муайян гардида, захираҳои пешгӯишавандаи онҳо аз ҷониби мутахассисон арзёбӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Дар минтақаи Ҷанубу Ғарбии Помири ноҳияи Роштқалъа гранат, офит, оникси мармарӣ, агат ва берилл муайян гардидаанд. Мехостем доир ба аҳаммияти ин минералҳо, соҳаҳои истифода ва арзиши онҳо маълумоти бештар диҳед.
Фирӯз Абдуллоҳзода: Ҳар яке аз ин минералҳо вобаста ба хусусияти физикию химиявӣ, сифат, ранг, шаффофият, андоза ва имконияти коркард аҳаммияти худро доранд. Бояд таъкид кард, ки баъзе аз онҳо, пеш аз ҳама, арзиши ҷавоҳиротӣ ва ороишӣ дошта, қисми дигар метавонанд дар саноат ва истеҳсоли маҳсулоти гуногун истифода шаванд.
Гранат, пеш аз ҳама, ҳамчун санги ҷавоҳиротӣ ва ороишӣ аҳаммият дорад. Навъҳои хушранг, шаффоф ва дорои сифати баланд барои истеҳсоли маснуоти заргарӣ — ангуштарин, гарданбанд, дастпона ва дигар маҳсулот истифода мешаванд. Баъзе навъҳои гранат барои суфта ва сайқал додани сатҳи металл, санг ва дигар мавод истифода мешаванд.
Офит бештар ҳамчун санги ороишӣ ва коллексионӣ арзиш дорад. Дар мавриди дорои сифати мувофиқ будан он метавонад пас аз коркард ва сайқалдиҳӣ барои истеҳсоли маснуоти ороишӣ ва ҳунарӣ истифода шавад. Арзиши он, пеш аз ҳама, ба сифат, ранг, сохтор ва имконияти коркард вобаста мебошад.
Оникси мармарӣ яке аз сангҳои зебои ороишӣ мебошад. Онро метавон барои ороиши биноҳо, истеҳсоли тахтаҳои ороишӣ, маснуоти ҳунарӣ, армуғонҳо ва дигар маҳсулоти ороишӣ истифода бурд. Ранг, нақшу нигори табиӣ, якрангӣ ва қобилияти хуби сайқалёбӣ омилҳои асосии муайянкунандаи арзиши он мебошанд.
Агат санги маъруфи ороишӣ буда, барои сохтани ҷавоҳирот, армуғонҳо ва дигар маснуоти ороишӣ истифода мешавад. Намунаҳои агат, ки дорои нақшу рангҳои зебо ва ғайриодӣ мебошанд, одатан арзиши бештар доранд.
Берилл аҳаммияти махсус дорад. Баъзе навъҳои он, аз ҷумла зумуррад ва аквамарин аз сангҳои қиматбаҳои маъруф ба ҳисоб мераванд ва дар саноати заргарӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, берилл ҳамчун манбаи бериллий низ аҳаммияти саноатӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши чунин зуҳурот метавонад ҳам барои рушди саноати заргарӣ ва ҳам барои муайян намудани имконияти ашёи хоми саноатӣ муҳим бошад.
Дар маҷмуъ, ин захираҳо барои рушди саноати заргарӣ, коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли маснуоти гуногун имконият фароҳам меоранд. Аммо барои муайян кардани арзиши воқеии иқтисодии ҳар объект омӯзиши муфассали геологӣ, технологӣ ва иқтисодӣ зарур аст.
АМИТ «Ховар»: Шумо ба кашфи кахолонг ишора кардед. Аҳаммияти ин бозёфт дар чӣ ифода меёбад?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Кашфи кахолонг яке аз натиҷаҳои муҳимми илмии корҳои анҷомдода мебошад. Ин минерал бори аввал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва саноатӣ он аҳаммияти калон дорад.
Ин бозёфт доираи захираҳои маъдании Тоҷикистонро васеъ намуда, барои рушди минбаъдаи саноати коркарди сангҳои ороишӣ ва ҷавоҳирот имконияти нав фароҳам меорад. Албатта, барои ба истеҳсолот ворид намудани чунин захираҳо омӯзиши муфассали геологӣ, иқтисодӣ ва технологӣ зарур аст.
АМИТ «Ховар»: Дар минтақаҳои дигари Помир низ корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Натиҷаҳои онҳо чӣ гунаанд?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Дар қаторкӯҳҳои Шоҳдара ва Ишкошими ноҳияи Ишкошим зуҳуроти корунд, турмалин, офикалсит ва сапфир мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои таҳлилҳои лабораторӣ нишон доданд, ки як қисми ин захираҳо дорои нишондиҳандаҳои умедбахш мебошанд.
Ин захираҳо метавонанд дар оянда ҳамчун манбаи ашёи хом барои истеҳсоли маснуоти ҷавоҳиротӣ ва маводи коллексионӣ истифода шаванд. Ҳамзамон дар натиҷаи таҳқиқоти лаборатории Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таркиби ҷинсҳои карбонатитӣ ду минерали нав — лизардит ва эденит муайян гардиданд, ки аз ҷиҳати илмӣ низ аҳаммияти калон доранд.
АМИТ «Ховар»: Корҳои дар қаторкӯҳҳои Ҳисори Ҷанубӣ ва Қаротегин анҷомдодаи корхонаро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Дар ин минтақаҳо низ корҳои омӯзишӣ идома доранд. Аз ҷумла, якчанд зуҳуроти аметистдор таҳқиқ карда шуданд. Дар болооби дараи Тагикимар зуҳуроти нави аметист муайян гардид, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Истиқлол» номгузорӣ шуд.
Зуҳуроти «Истиқлол» ва «Чапак-2» натиҷаҳои мусбат нишон дода, барои онҳо захираҳо аз рӯи категорияҳои С2 ва Р1 ҳисоб карда шуданд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки имконоти геологии мамлакат ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва дар минтақаҳои гуногун кашфиёти нав имконпазиранд.
АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар ҷаҳон талабот ба металлҳои нодир ва нодирзамин босуръат меафзояд. Тоҷикистон дар ин самт чӣ имконият дорад?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Имрӯз литий, тантал, ниобий, бериллий, рубидий, сирконий, иттрий ва унсурҳои нодирзамин аз ҷумлаи ашёи хоми стратегӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар истеҳсоли аккумуляторҳои насли нав, техникаи электронӣ, мошинҳои барқӣ, таҷҳизоти энергетикаи «сабз», дастгоҳҳои рақамӣ ва дигар технологияҳои пешрафта истифода мешаванд.
Тоҷикистон аз ҷиҳати сохтори геологӣ дорои имконоти назаррас мебошад. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мо дар солҳои охир маҳз омӯзиши чунин объектҳо мебошад.
АМИТ «Ховар»: Яке аз чунин минтақаҳо Назарайлоқ мебошад. Дар ин ҷо чӣ натиҷаҳо ба даст омадаанд?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Аз соли 2023 корҳои омӯзишӣ дар минтақаи Назарайлоқ оғоз гардидаанд. Дар ҷараёни корҳои саҳроӣ дар зуҳуроти Ёсуман ва майдони Назарайлоқ нуҳ танаи пегматитӣ ва якчанд пайдоишоти карбонатитӣ муайян карда шуданд.
Аҳаммияти ин объектҳо дар он аст, ки пегматитҳо ва карбонатитҳо дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон ҳамчун яке аз сарчашмаҳои литий, тантал, ниобий, бериллий, унсурҳои нодирзамин ва дигар металлҳои стратегӣ шинохта шудаанд.
Барои муайян намудани таркиби химиявии маҳакҳо таҳлилҳои муосири ICP-MS дар озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Узбекистон гузаронида шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои таҳлилҳои пешакӣ як қисми маҳакҳои ҳаҷмӣ нишонаҳои миқдори саноатии литий, иттрий ва танталро нишон медиҳанд.
Албатта, ин натиҷаҳо ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоии муайян намудани захираҳои саноатӣ нестанд. Барои тасдиқи онҳо корҳои муфассали иктишофӣ, намунагирии иловагӣ, ҳисобкунии захираҳо ва арзёбии иқтисодию технологӣ зарур мебошад. Вале аз рӯи сохти геологӣ ва маълумоти бадастомада Ёсуман ва Назарайлоқ объектҳои дорои дурнамои мусбат барои кашфи конҳои металлҳои нодиру камёфт арзёбӣ мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Пас, метавон гуфт, ки корҳои анҷомдодаи корхона на танҳо аҳаммияти геологӣ доранд, балки барои саноатикунонии мамлакат низ замина фароҳам меоранд?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Албатта. Геология дар ибтидои занҷири рушди саноат қарор дорад. Пеш аз он ки кон ба истеҳсолот ворид шавад, бояд захираи он муайян, сифати маъдан омӯхта ва самаранокии иқтисодии истихроҷу коркард арзёбӣ гардад.
Аз ин рӯ, натиҷаҳои корҳои геологӣ метавонанд барои таъсиси корхонаҳои нави истихроҷ ва коркарди маъдан, рушди саноати коркард, таъсиси ҷойи нави кор, ҷалби сармоя ва зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар замина гузоранд.
Мо бовар дорем, ки дар ҳолати ба таври мукаммал омӯхта ва оқилона азхуд намудани захираҳои зеризаминӣ онҳо метавонанд ба яке аз омилҳои муҳимми рушди саноатикунонии босуръати Тоҷикистон табдил ёбанд.
АМИТ «Ховар»: Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 низ ба рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин дастурҳо барои соҳаи геология чӣ аҳаммият доранд?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Ин таваҷҷуҳ барои соҳаи геология ва корхонаҳои иктишофӣ хеле муҳим аст. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки барои солҳои 2026–2030 Барномаи нави саноатикунонии босуръати мамлакат ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим қабул ва амалӣ карда шавад.
Ин вазифаҳо моро водор месозанд, ки корҳои ҷустуҷӯиву иктишофиро боз ҳам тақвият бахшем, технологияҳои муосири таҳлилро бештар истифода барем ва объектҳои дорои аҳаммияти стратегиро ҳамаҷониба омӯзем.
Ҳамзамон истифодаи захираҳои зеризаминӣ бояд бо риояи талаботи экологӣ ва принсипҳои истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ анҷом дода шавад.
АМИТ «Ховар»: Агар ба фаъолияти корхона давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ назар андозем, кадом дастовардҳоро метавон муҳимтарин арзёбӣ кард?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Дар давраи истиқлол соҳаи геологияи Тоҷикистон марҳилаҳои муҳимми рушдро тай намуд. Яке аз дастовардҳои асосӣ идомаи омӯзиши ҳудуди кишвар ва муайян намудани объектҳои нави дорои аҳаммияти иқтисодӣ мебошад.
Дар фаъолияти корхонаи мо низ солҳои охир натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла омӯзиши объектҳои сангҳои ранга, кашфи зуҳуроти нави геологӣ, муайян намудани кахолонг барои аввалин бор дар Тоҷикистон, таҳқиқи зуҳуроти корунд, турмалин, сапфир, аметист, берилл ва дигар минералҳо, инчунин оғоз намудани омӯзиши мақсадноки минтақаҳои дорои дурнамои металлҳои нодир ба даст омаданд.
Муҳимтарин дастоварди дигар ташаккули таҷрибаи мутахассисони ҷавон ва истифодаи усулҳои муосири таҳлилӣ мебошад. Имрӯз корҳои геологӣ танҳо бо усулҳои анъанавӣ маҳдуд намешаванд. Истифодаи таҳлилҳои муосири лабораторӣ, аз ҷумла ICP-MS барои муайян намудани таркиби элементии ҷинсҳо ва минералҳо имконоти моро васеъ кардааст.
Дастоварди асосии 35 соли истиқлол барои соҳаи мо ин аст, ки заминаи илмӣ ва истеҳсолии омӯзиши сарватҳои зеризаминии мамлакат пайваста таҳким ёфта, барои рушди минбаъдаи саноати кӯҳӣ ва коркарди ашёи хоми миллӣ имконияти бештар фароҳам омадааст.
АМИТ «Ховар»: Барои рушди минбаъдаи корхона кадом нақшаҳо дар пешанд?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Ҳадафи асосии мо идомаи корҳои иктишофи геологӣ ва омӯзиши мукаммали ҳама майдонҳои ояндадор мебошад. Мо ният дорем корҳои ҷустуҷӯиро дар самтҳои сангҳои қиматбаҳо, ороишӣ ва махсусан металлҳои нодиру камёфт васеъ намоем.
Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, истифодаи технологияҳои нави геологӣ ва лабораторӣ, такмили усулҳои баҳодиҳии захираҳо ва ҳамкории бештар бо муассисаҳои илмӣ ва озмоишгоҳҳои муосир аз вазифаҳои муҳимми мо мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Дар фарҷом, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳамватанон ва кормандони соҳа чӣ таманно доред?
Фирӯз Абдуллоҳзода: Истиқлол бузургтарин неъмати давлату миллат ва заминаи асосии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Мо, геологҳо, вазифадорем, ки дар таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат бо меҳнати содиқона саҳм гузорем.
Сарватҳои зеризаминӣ неъмати бебаҳо мебошанд, аммо арзиши воқеии онҳо вақте бештар мегардад, ки бо донишу технология, масъулият ва дар доираи манфиатҳои миллӣ истифода шаванд.
Итминон дорем, ки бо татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръат, омӯзиши ҳамаҷонибаи сарватҳои зеризаминӣ ва рушди коркарди ашёи хоми ватанӣ саҳми соҳаи геология дар пешрафти иқтисоди миллӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








САНАИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Барои рушди ин соҳа дар Бадахшон зиёда аз 422 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи «Роғун» аз хобгоҳи бунёднамудаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мумфаршкунии роҳҳо вусъати тоза мегирад
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд






