ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, ҷумъа, 233-юмин рӯзи соли 2026 аст

Август 21, 2026 08:00

21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири вақти Қирғизистон Жанторо Сатибалдиевро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба Тоҷикистон омада буд, ба ҳузур пазируфтанд. Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи қарорҳои нахустин ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ, ки моҳи майи соли 2013 дар Бишкек баргузор шуда буд, зоҳир гардид.

***

21 августи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «НАНО-ТЕХ-М» ба истифода дода шуд.

***

21 августи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ қисми якуми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, Нишони давлатӣ, бинои нави филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», Коргоҳи дӯзандагии «Баҳори ишқ», бинои маркази савдои «Нигини Хоруғ», бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров, дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо ба истифода дода, бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшиданд.

***

21 августи соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Хайдиени шаҳри Пекин ташриф оварда, бо фаълояти Маркази намоишию озмоишии  «Шаҳри ҳушманд» шинос шуданд.

***

21 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки 192-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4,  дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхта, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва дар кӯчаи Саид Носири ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро мавриди истифода қарор доданд.

21 АВГУСТ:

Рӯзи санъати суханварӣ.

***

Рӯзи байналмилалии хотира ва ёдбуди қурбониёни терроризм.

***

Дар Марокаш–Рӯзи ҷавонон

РӮЙДОДҲО:

 21 августи соли 1936  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

***

21 августи соли 2008 дар Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов оид ба варзиши тарзи озод медали  биринҷӣ ба даст овард.

***

21 августи соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи ЮНЕСКО расман ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистону Ветнам «ТВ-Силк» коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

***

21 августи соли 2024 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1924 Голландия фурӯши машруботи спиртиро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манъ намуд.

***

Соли 1947 Иттиҳоди Шуравӣ барои дохил шудани Италия ва Австрия ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид розигӣ надод.

***

Соли 1965 Руминия давлати сотсиалистӣ эълон карда шуд.

***

Соли 1965 аввалин маротиба дар ҷараёни бозии футболи Англия ивазкунии   бозингарон иҷозат дода шуд.

***

Соли 1981 аввалин маротиба   олимон оид ба хавфи гармшавии иқлим хабар доданд.

***

Соли 1988  бар асари заминларза дар шимоли Ҳиндустон ва Непал 1 ҳазору 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Август 21, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, панҷшанбе, 232-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, чоршанбе, 231-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, сешанбе, 230-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, душанбе, 229-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, якшанбе, 228-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, шанбе, 227-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, ҷумъа, 226-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, панҷшанбе, 225-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, чоршанбе, 224-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, сешанбе, 223-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, душанбе, 222-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, якшанбе, 221-умин рӯзи соли 2026 аст