ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
24 августи соли 2010 дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави истеҳсоли семент расман ба кор дароварда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо риояи принсипи инсондӯстии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд
***
24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал иштирок намуда, дар доираи ин шуро бо Президенти вақти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот намуданд.
***
24 августи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷфилиз», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дурахшон — Бӯстон»-ро мавриди истифода қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи барқии «Темурмалик» ва меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён»-ро ба истифода қарор доданд.
24 АВГУСТ:
Рӯзи байналмилалии мусиқии ғайриодӣ.
***
Рӯзи роҳнамои соҳибкорӣ
***
Дар Либерия – Рӯзи парчам.
***
Дар Индонезия – Рӯзи телевизион.
РӮЙДОДҲО:
24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин мебошад.
***
24 августи соли 2002 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якҷояи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.
***
24 августи соли 2016 роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 25-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар шаҳри Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Тайиланд, инчунин густариши ҳамкории дуҷонибаи мутақобили судманд дар бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустӣ баррасӣ карда шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1936 дар Олмон хизмати ҳарбии дусола ҳатмӣ гардид.
***
Соли 1954 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳизби коммунистӣ баста шуд.
***
Соли 1995 фурӯши расмии низоми амалиётии Windows 95 оғоз гардид.
***
Соли 2002 дар Урдун қароре қабул карда шуд, ки истифодаи Парчами давлатиро бо мақсадҳои рекламавӣ манъ мекард.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Пӯлод Толис— соли 1929 — нависандаи тоҷик, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст






