ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
25 августи соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.
***
25 августи соли 2010 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар намуда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфт, иштирок намуданд.
***
25 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе президенти Шурои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – «Пешвои асри 21»-ро тақдим кард.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қурғонтеппа) бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди истифода қарор дода шуд.
***
25 августи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.
***
Дар ин рӯзи 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони гуногункасб, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
***
25 августи соли 2023 дар шаҳри Остона мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
25 АВГУСТ:
Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият
***
Дар Муғулистон– Рӯзи ҷавонон
***
Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.
РӮЙДОДҲО:
25 августи соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи «Овози тоҷик» нашр шуда буд.
***
25 августи соли 2006 дар Душанбе пас аз хотимаи Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон ва Русия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ» 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар остонаи ҷашни бузурги 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи боз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ бо баландии 45 метр парда бардошта шуд.
***
25 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии «Бехатарии сейсмикии давлатҳои Осиёи Марказӣ» доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1912 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳизби Гоминдан («Ҳизби давлатии мардумӣ») таъсис дода шуд.
***
Соли 1919 аввалин маротиба дар таърихи дунё хатсайри ҳавоии мунтазами Лондон-Париж фаъол карда шуд.
***
Соли 1945 дар Ветнам Кумитаи давлатии амният таъсис ёфт.
***
Соли 1973 бори аввал дар ҷаҳон тавассути дастгоҳи томографӣ акси тиббӣ гирифта шуд.
***
Соли 1978 дар Испания ҳукми қатл дар замони осоишта бекор карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст






