35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоӣ ворид гардида, дар самтҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳибкорӣ, сохтмон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ, бунёду таҷдиди садҳо иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори энергетикӣ ва сайёҳӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар ин минтақаи кӯҳсори мамлакат мебошанд.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Мусо Мирзозода иброз дошт, дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят зиёд гардида, барои истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии он тадбирҳои муҳим амалӣ шуданд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила сатҳи некуаҳволии мардуми вилоят беҳтар гардида, ҳаҷми маҳсулоти минтақавӣ бо рушд ёфтани соҳаҳо афзоиш ёфт.
Маҷмуи маҳсулоти умумии минтақавӣ дар сатҳи вилоятҳо аз соли 2005 ҳисоб карда мешуд. Аз давраи аввали баҳисобгирӣ ҳаҷми маҳсулоти минтақавии вилоят, ки 160,0 миллион сомониро ташкил дод, ба 3 миллиарду 018,3 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2005 ба андозаи 18,9 маротиба зиёд мебошад. Дар баробари ин Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба як фард низ афзоиш ёфт. Аз 978 сомонии соли 2005 ба 12,8 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расид, ки суръати афзоиши он 13,1 маротиба зиёд гардидааст. Ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ дар сохтори маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 1,7 фоизро ташкил дод.
Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Буҷети вилоят дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ ба маротиб афзоиш ёфт. Соли 1992 ҳамагӣ даромади буҷети вилоят ба ҳисоби пули сомонӣ 505,7 ҳазор сомониро ташкил дод. Соли 2026 ба 777,8 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар муқоиса ба соли 1991 буҷети вилоят 1555,6 маротиба, даромади худӣ 2680 маротиба ва маблағҳои мақсаднок 1274,5 маротиба зиёд гардиданд.
Соҳаи саноат
Новобаста аз мушкилоти иқтисодии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо кӯшишу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ду агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии Помир – 1 мавриди истифода қарор дода шуданд. Соли 2005 Неругоҳи барқи обии Помир- 1 бо иқтидори пурра ба кор даромад.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мусо Мирзозода, агар соли 1992 дар қаламрави вилоят ҳамагӣ 11 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият мекарданд, имрӯз теъдоди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба 202 адад расонида шуда, суръати афзоиши бунёди коргоҳҳои саноатӣ 18,4 маротиба зиёд гардид.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ агар соли 2001 41,5 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам соли 2025 ба 336,5 миллион сомонӣ расонида шуд.
Бо эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» (2022 – 2026) дар мамлакат давоми солҳои 2022-2026 дар вилоят 92 корхона ва коргоҳи нави истеҳсолӣ бо 1388 ҷойи кор ба нақша гирифта шуд. Дар муддати 4 соли охир аллакай 164 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд.
Барои иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли минбаъда бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ ва таъсис додани паркҳои технологӣ ва минтақаи саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат дар айни замон дар вилоят 4 парки саноатӣ, аз ҷумла саноатӣ – инноватсионӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ бунёд гардида, фаъолият доранд.
Ҷанбаи асосӣ, ки ба рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят такони ҷиддӣ мебахшад, ин рушди соҳаи саноати кӯҳӣ мебошад. Бо ин мақсад дар ҳудуди вилоят 43 кон, 46 зуҳуроти маъдан бо 24 намуди канданиҳои фоиданок ва нуқтаҳои дорои сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо муайян шудаанд. Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа, ба ҳолати кунунӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 250 зуҳуроти канданиҳои фоиданок ба қайд гирифта шудааст.
Соҳаи энергетика
Замони имрӯзаро бе рушди устувори соҳаи энергетика тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди вилоят якчанд иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Сипонҷ», «Техарв», «Андарбак», «Помир-1» сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маҷмуъ аз соли 1992 то соли 2002 дар шаҳру навоҳии вилоят тақрибан ба маблағи умумии 34038,0 ҳазор сомонӣ иншооти гуногуни энергетикӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Барои рушди минбаъдаи соҳа дар вилоят бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд соли 2002 Ширкати «Помир Энерҷӣ» ташкил гардид, ки намунаи нодири ҳамкории судманди байни давлат ва бахши хусусиро таҷассум менамояд.
«Соли 2026 шумораи неругоҳҳо дар вилоят ба 36 адад расида, иқтидори онҳо ба 70 мгвт расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021 26 мгвт ё 1,6 маротиба зиёд аст», – иттилоъ дод Мусо Мирзозода.
Соли 2025 дар ноҳияи Мурғоб 20 неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 12 мегават ва дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 мегаватт ба истифода дода шуд. Ҳоло ҳамаи деҳаҳои вилоят ба неруи барқи тоза дастрасӣ пайдо намудаанд.
Дар маҷмуъ иқтидори энергетикии вилоят дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз 14,6 МВт дар соли 1991 то ба 70 МВт дар соли 2025 расонида шуд.
Соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои таъминкунандаи стратегияи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бахши ташаккулдиҳандаи иқтидори истеҳсолии маҳсулоти кишоварзӣ, манбаи корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва муҳимтар аз ҳама, заминаи ҷойи нави кор ба ҳисоб меравад.
Марҳилаи аввали ислоҳоти ин соҳа бахусус дар ноҳияҳои вилоят аз соли 1996 оғоз гардида, то соли 1999 пурра анҷом дода шуд. Дар ин муддат дар заминаи 58 хоҷагии давлатию коллективӣ шаклҳои нави хоҷагидорӣ – 122 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд.
Ба хоҷагиҳои навтаъсис зиёда аз 11 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда, 9 ҳазор сар чорвои шохдори калон, 34 ҳазор сар бузу гӯсфанд, зиёда аз 540 ҳазор гектар чарогоҳ ва дигар молу амвол вобаста карда шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида маҷмуи маҳсулоти кишоварзии вилоят тадриҷан афзоиш ёфта, соли 2025 ҳаҷми он ба 1 миллиарду 131,2 миллион сомонӣ расид.
Ба мақсади давоми сол таъмин намудани аҳолии вилоят бо маҳсулоти тару тозаи истеҳсоли худӣ 115 гармхона барои оилаҳои камбизоат сохта шуд. Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ 35 анборхона, 3 сардхона бунёд карда шуда, дар онҳо барои истеҳсол ва нигоҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Тавассути корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва хоҷагиҳои инфиродӣ -меҳнати хонагӣ ҳамасола зиёда аз 250 ҳазор қуттии шартӣ меваю сабзавот коркард карда шуда, барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳамзамон бақарорсозии иншооти гидротехникӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав ва истифодаи оқилонаи заминҳои обӣ ба истеҳсоли маҳсулоти иловагии кишоварзӣ мусоидат мекунанд. Давоми соҳибистиқлолии давлат 1389 гектар замини нав ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.
Соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия
Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба давлати транзитӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳадаф тавассути таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва сохтмони нақбу пулҳо амалӣ шуда истодаанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламравӣ вилоят 55 пул ва 190 километр роҳҳо таҷдид ва навсозӣ карда шуданд.
Инчунин дар ин давра рафтуомади сокинони вилоят, меҳмонон ва сайёҳон аз маркази шаҳри Душанбе то шаҳри Хоруғ нисбат ба солҳои 90–уми асри гузашта куллан тағйир ёфта, беҳтар ва бехатар гардидааст.
Дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят 20 муассисаи корхонаи нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла 3 муассисаи нақлиётӣ, 10 терминали мусофирбарӣ ва 7 терминали боркашонӣ ташкил карда шуд. Дар солҳои аввали истиқлолият ҳамагӣ 3 муассисаи нақлиётӣ дар шаҳри Хоруғ мавҷуд буд.
Дар соли 2025 ҳаҷми боркашонӣ 1380,3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1993 11,9 маротиба зиёд мебошад.
Соҳаи маориф ва илм
Соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии мамлакат чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифта, дар рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад. Аз соли 1993 то соли 2025 240 муассисаи таҳсилоти умумии дорои 1438 синфхона барои 34 233 ҷойи нишаст, 6 бинои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф, 44 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 9 толор ва майдончаи варзишӣ ба маблағи 595,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳамаи ин тадбирҷӯиҳо имкон доданд, ки фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз 22 %-и соли 2020 ба 42,6 %-и бо назардошти фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи рушди барвақтии кӯдаки назди муассисаи таълимии соли 2025 расонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, соли 2026 дар вилоят 312 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 40 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 207 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсейи давлатӣ, 1 мактаби президентӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ) фаъолият намуд, ки дар он 37 ҳазору 416 нафар (18 ҳазору 418 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Соҳаи тандурустӣ
Рушди соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Агар соли 2006 ба аҳолии вилоят дар 246 муассисаҳои табобатию профилактикӣ хизмати тиббӣ расонида шуда бошад, имрӯз адади муассисаҳои шифоию пешгирӣ ба 418 баробар гардидааст. Муассисаҳои кумаки аввалини тиббӣ, аз ҷумла марказҳои саломатии деҳот аз 24 адад имрӯз ба 50 адад, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот аз 149 аба 174 адад расонида шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба сохтмон ва навсозии муассисаҳои тандурустӣ диққати махсус дода шуд. «Дар доираи таҷлили «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (солҳои 2020-2025) дар вилоят 71 муассисаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии иншооти сохташудаи соҳаи тандурустии вилоят 39 адад муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ мебошад»,–афзуд муовини раиси вилоят.
Соҳаи фарҳанг
Тибқи иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 театри касбӣ, 4 театри халқӣ, 4 қасри фарҳанг, 58 клуби деҳот, 6 клуби сайёр, 180 китобхона, 2 осорхона, 8 хона-осорхона ва 4 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ фаъолият доранд. Давоми даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят 32 муассисаи фарҳанг бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд навсозӣ карда шуд.
«Кушода шудани театри нави касбӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо 1000 ҷойи нишаст нишонаи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ аз тарафи Сарвари давлат мебошад. Чунки фарҳангу адабиёт аз ҳаёти халқ сарчашма мегиранд ва одамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, росткорӣ, озодипарастӣ, инсонпарварӣ, хештаншиносӣ ва анъанаҳои миллӣ тарбия менамоянд»,–иброз дошт Мусо Мирзозода.
Соҳаи сайёҳӣ
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисодии мамлакат мебошад, ки солҳои охир босуръат рушд мекунад. Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Ҳоло дар вилоят 48 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият дорад. Давоми солҳои истиқлолият дар ҳудуди вилоят 164 ҳомстей ва 39 меҳмонхонаи хурду миёна бо дастгирии мақомоти давлатӣ, сармоягузорон ва соҳибкорону шахсони эҳсонкор сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин меҳмонхонаҳои хурду миёна ва ҳомстейҳо дар як шабонарӯз метавонанд 2379 нафар сайёҳони дохилию хориҷиро қабул карда, ба онҳо мувофиқи имконияташон хизмат расонанд. Бо рушд ёфтани инфрасохтори сайёҳӣ шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба вилоят сол аз сол зиёд мегардад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 ба вилоят 23 ҳазору 222 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидааст. Ин нишондиҳанда аз афзоиши таваҷҷуҳ ба имконияти сайёҳии минтақа шаҳодат медиҳад.
Бо мақсади ташаккул додани сайёҳии табобатию солимгардонӣ, ки ин шакл дар байни гардишгарон аз ҳама паҳншудатарин буда, ҳадафи он истироҳат, солимгардонӣ ва барқароркунии ҷисмонӣ ба шумор меравад, дар ҳудуди вилоят 4 осоишгоҳ: Гарм-Чашма, Авҷ, Биби Фотимаи Зуҳро ва Ҷелондеҳ арзи мавҷуданд, ки ҳамарӯза ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
97 фоизи ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро кӯҳсор ташкил мекунад. Ин имконияти бузург барои тақвият бахшидани сайёҳии кӯҳнавардӣ, варзишӣ (алпинистӣ) ва истироҳатӣ мебошад. Соли 2013 бахшида ба 22–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Соли 2016 шоҳроҳи Помир аз тарафи National Geographic дар рӯйхати ҷойҳои аз ҳама ҷолиби ҷаҳон барои саёҳат дар мақоми дуюм қарор гирифт. Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳанги глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дохил гардидаанд. Ин баҳогузории ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ омили ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ ба ин минтақа низ мебошад.
«Бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳамаи ин пешравию дастовардҳо дар рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон натиҷаи дастовардҳои фараҳманду арзишманди даврони истиқлолият, фидокориҳо ва сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад»,–мегӯяд муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мусо Мирзозода.
Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо назардошти захираҳои табиӣ, иқтидори энергетикӣ, имконияти рушди саноати кӯҳӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ имконияти фаровон дорад. Бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, рушди неругоҳҳои барқи офтобӣ, беҳтар намудани роҳу инфрасохтори нақлиётӣ, афзоиши шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи сайёҳӣ барои рушди минбаъдаи минтақа заминаи устувор фароҳам меоранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»






