Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, маъданҳои муҳим ва «сабз», нассоҷӣ, чарму пойафзол ва саноати коркард, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди амиқи ашёи хом, маҳаллисозии истеҳсолот ва татбиқи технологияҳои муосир, рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати дуҷониба, ҳамкории байниминтақавӣ ва таҳкими робитаҳо дар доираи механизми «Осиёи Марказӣ-Чин» баррасӣ гардиданд.
Иброз шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва иродаи олии сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкории стратегии ҳарду давлат ба марҳилаи нави рушд ворид гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба дар соли 2025 қариб ба 2,9 миллиард доллар расида, нисбат ба соли 2024 46 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷонибҳо доир ба идомаи ҳамкории сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд. Дар ин замина Протоколи ҷаласа ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар доираи ин ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдурамон Абдураҳмонзода бо муовини Вазири тиҷорат/муовини намояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар музокироти байналмилалии тиҷоратӣ Лин Сзи вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноат, бахусус рушди занҷири истеҳсолӣ аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, энергетика ва нақлиётро баррасӣ карданд.
Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар вохӯрӣ ҷалби сармояи чинӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ дар соҳаҳои обу энергетика, роҳу нақлиёт, аз ҷумла сохтмони роҳҳои муосир дар шаҳри Душанбе, инчунин густариши ҳамкории сармоягузориро аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва татбиқи мувофиқаҳои бадастомада изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид шуд, ки рушди ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Чин ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои иқтисодии ду давлат мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд






