Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд

Сентябрь 10, 2026 16:34

ДУШАНБЕ, 10.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода оид ба вазъи мураккабу пурпечутоби солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, нақши созандаю таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва таҳкими истиқлоли комили сиёсию давлатӣ, инчунин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

Иброз гардид, ки сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаи асосии пешрафти минбаъдаи давлат гардид. Дар натиҷаи таъмини суботи сиёсӣ барои татбиқи барномаҳои созанда, рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, таҳкими низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконоти бештар фароҳам омаданд.

Ҳамватанони бурунмарзӣ зимни вохӯрӣ барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат нисбат ба онҳо изҳори сипос карда, гуфтанд, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ  омодаанд дар ободонӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муаррифии дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар хориҷи мамлакат саҳм гузоранд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2026 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд