Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд

Сентябрь 15, 2026 13:10

ДУШАНБЕ, 15.09.206 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи нахустини Механизми машваратии вазирони саноат дар формати «C5+1» дар Сеул байни вазоратҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Санади мазкур рушди лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои саноати сабук, нассоҷӣ, кӯҳӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав пешбинӣ менамояд. Ҳуҷҷат ба табодули таҷриба, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва таҳкими робитаҳои мустақим байни корхонаҳои саноатии ду кишвар равона шудааст.

Инчунин дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Кван ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноати маъдан, иқтисод, сармоягузорӣ, рушди саноат, истифодаи технологияҳои нав дар раванди истеҳсолот ва истихроҷи маъданҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон аз рӯи натиҷаҳои нахустин ҷаласаи Механизми машваратии вазирони саноат дар қолаби «C5+1» намояндагони ҷумҳуриҳои Корея, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва занҷираҳои таъминотро ба имзо расониданд, аз ҷумла рушди инфрасохтори саноатӣ, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим, ҷорӣ намудани технологияҳои истеҳсолоти ҳушманд ва зеҳни сунъӣ, инчунин омода намудани кадрҳои техникӣ ва муҳандисиро пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин дар анҷоми мулоқот Шералӣ Кабир Вазири савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Кореяро барои иштирок дар сеюмин Форуми байналмилалии саноати маъданҳои куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

АКС:Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд