ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр, ҷумъа, 254-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2012 шабакаи давлатии телевизионии «Тоҷикистон» ба пахши барномаҳои шабонарӯзӣ оғоз кард.
***
11 сентябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дидан намуданд.
***
11 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимию созанда баргузор намуданд.
***
11 сентябри соли 2024 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шуда буданд, мавриди истифода қарор доданд.
***
11 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод хати оби нӯшокии «Шолидара-Дарбанд»-ро ба истифода доданд.
***
11 сентябри соли 2024 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод идома ёфт. Сарвари давлат бинои мактаби ронандагии Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаро мавриди истифода қарор доданд.
***
11 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд.
***
11 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.
11 СЕНТЯБР:
Дар Аргентина — Рӯзи муаллимон
РӮЙДОДҲО:
11 сентябри соли 1839 дар Канада аввалин мусобиқаи варзиши сабук баргузор гардид.
***
11 сентябри соли 1852 дар шимоли Колумбия аввалин рӯзнома-«Olympia Columbian» нашр шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1971 Миср конститутсияашро қабул кард.
***
11 сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баррасӣ гардид.
***
11 сентябри соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсуси «ЭКСПО-2017» Ҷоизаи тилло ва ҷои якумро сазовор гардида, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои арзанда гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон аз номи Пешвои миллат ба як зумра кормандони муваффақ мукофотҳои давлатӣ супориданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1888 дар маросими кушодашавии намоиши саноатӣ дар Торонто аввалин маротиба садои инсон сабт карда шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 253-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст






