ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 сентябр, якшанбе, 256-умин рӯзи соли 2026 аст
13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуданд.
***
13 сентябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин оғози расмӣ бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990–1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт дар барномаи театришуда бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
13 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Рашт — шаҳраки Ғарм баъди навсозӣ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ба истифода доданд.
13 СЕНТЯБР:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.
***
Дар Тоҷикистон — Рӯзи роҳсозон (якшанбеи дуюми моҳи сентябр)
***
Дар Русия – Рӯзи барномасозон.
***
Дар Қазоқистон – Рӯзи оила (якшанбеи дуюми моҳи сентябр).
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1745 аввалин атласи ҷуғрофии Русия нашр гардид.
***
13 сентябри соли 1788 шаҳри Ню-Йорк пойтахти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон карда шуд.
***
13 сентябри соли 1955 байни собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Федералии Олмон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
13 сентябри соли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.
***
3 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1922 баландтарин ҳарорати ҳаво дар Африқо ба қайд гирифта шудааст, ки +57,8°С-ро ташкил дод.
***
Соли 2017 Тоҷикистон дубора иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи хӯроквории WorldFood Moscow гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 сентябр, шанбе, 255-умин рӯзи соли 2026 аст






