ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 сентябр, сешанбе, 258-умин рӯзи соли 2026 аст
15 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон намудани соли 2010 фармон ба имзо расониданд.
***
15 сентябри соли 2009 Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Марми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои махсусан муҳимашон дар рушди нақлиёт ва боркашонии байналмилалӣ бо Ордени ифтихории Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ сарфароз гардонид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи олӣ баргузор шуд.
***
15 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, бо Маҷмааи фарҳангию этнографии «Шаҳри абадӣ» шинос шуданд.
***
15 сентябри соли 2023 дар Қасри миллат ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид.
***
15 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар доираи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
***
15 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа-пойтахти Давлати Қатар дар ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
15 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар доираи ҷаласаи ғайринавбатии сарони кишварҳои арабӣ ва аъзои Созмони ҳамкории исломӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд.
***
15 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе мулоқоти хоссаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид.
15 СЕНТЯБР:
Рӯзи байналмилалии демократия.
***
Дар Доғистон – Рӯзи муттаҳидии халқҳои Доғистон.
***
Дар Ҳиндустон- Рӯзи муҳандис.
***
Дар Озарбойҷон –Рӯзи дониш.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1830 дар Англия аввалин роҳи оҳани байналмилалӣ аз Ливерпул ба самти Манчестер кушода шуд.
***
15 сентябри соли 1930 дар Испания сензураи воситаҳои ахбори омма бекор карда шуд.
***
15 сентябри соли 1997 домени Google.com ба қайд гирифта шуд.
***
15 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми Кумита оид ба ҳамкории гумрукии барномаи ҳамкории минтақавӣ-иқтисодии Осиёи Марказӣ доир шуд.
***
15 сентябри соли 2011 китоби «Системаи экологии Тоҷикистон» аз чоп баромад.
***
15 сентябри соли 2012 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони мусобиқаи «Беҳтарин мол ва хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1916 аввалин маротиба дар таърихи ҷангҳои ҷаҳонӣ дар амалиёти низомӣ танкҳо истифода шуданд.
***
Соли 1917 аввалин шумораи «Форбс» (Forbes) –маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Америка, яке аз машҳуртарин нашрияҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон аз чоп баромад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 сентябр, душанбе, 257-умин рӯзи соли 2026 аст






