Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» ҳамоиши «Тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон-ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни мақомоти қонунгузор, иҷроия, шарикони рушд ва ҷомеаи шахсони маъюб мебошад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ба аҳаммияти тасдиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва зарурати муайян намудани вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи муқаррароти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.
Мақсад аз баргузории ҳамоиш баррасии вазифаҳои аввалиндараҷа ва тадбирҳои амалии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар заминаи тасдиқи он аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани роҳҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои тибқи Конвенсия ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузоршуда мебошад.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони маъюб, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ, таҳкими сиёсати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконияти баробар барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин ба такмили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо сохторҳои дахлдор дар самти иҷрои уҳдадориҳое, ки аз Конвенсия бар меоянд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид






