Кумитаи сармоягузорӣ: Ҷамъбасти сол ва натиҷаву вазифаҳо

Январь 13, 2016 14:40

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -12 январ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016”доир гардид. Ҷаласаро раиси кумита Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, муовини раиси кумита Нигина Анварӣ аз рўи “Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳои кумита барои соли 2015” маърўза карда, гуфт, ки маҷмўи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 аз 59 адад ба маблағи умумии 2,5 млрд. доллари ИМА иборат мебошад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2014 мутаносибан 5 лоиҳа ва 200 млн. доллари ИМА зиёд мебошад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда беш аз 1,3 млрд. доллари ИМА ё 53 фоизи маблағи умумӣ азхуд карда шудааст.
Новый рисунок (1)Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2015 719,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, сармоягузории мустақим 18,3 млн. доллари ИМА ва дигар намуди сармоягузориҳо 3,7 млн. доллари ИМА зиёд шудааст.
Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ бештар ба соҳаҳои омўзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтмон, кишоварзӣ, алоқа, саноат ва хизматрасонии молиявӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ 2 созишномаи сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ширкати Кока-Кола Ичечек А.С. оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ғайримашруботӣ ва бо ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай моҳир семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолии семент, гаҷкартон ва халтабарорӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» ба имзо расонида шуданд, ки бо татбиқи босамари онҳо 4 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё хоҳад шуд. Барои амалишавии онҳо 200 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб мешавад.
Тибқи созишномаи сармоягузорӣ бо ҶДММ «Ширкати байналмилалии Чжунгтсай моҳир семент» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори истеҳсолии 1,2 млн. тонна дар як сол, корхонаи истеҳсоли гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 1 млн. метри мураббаъ дар як сол ва коргоҳи истеҳсоли халтаҳои семент бо иқтидори истеҳсолии 80 млн. дона дар як солро бунёд гардида, барои татбиқи онҳо зиёда аз 145 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб мешавад.
Дар ин давра баҳри таъмини истифодаи самараноку мақсадноки амволи давлатӣ бо қарорҳои дахлдори кумита 2733 адад воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 12,1 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни дигар мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатӣ гузаронида шудаанд.
Мувофиқи ҳисоботи пешниҳодгардида дар соли 2015 дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ба фурўш баровардани моликияти коммуналӣ 87 музояда гузаронида шуда, 128 иншоот, 51 воситаи нақлиётӣ ва дигар намуди амволи давлатӣ фурўхта шудаанд. Маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонии моликияти коммуналӣ воридгардида 11,5 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 2035 шартномаи иҷораи моликияти коммуналӣ баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷетҳои маҳаллӣ 8,7 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 мутаносибан 268 шартнома ва 898 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Январь 13, 2016 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Озарбойҷон ҳамкориро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон тақвият медиҳад
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тадбирҳо бар зидди ҳашароти зараррасон пурзӯр карда мешаванд