Умар Аҳмад ас-Саидӣ: Дар Тоҷикистон беш аз он чиро, ки интизор доштем, мушоҳида намудем

Март 17, 2016 13:22

Душанбе, 17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Офатҳои табиии рухдодаи  тобистони соли гузашта дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлати Амороти Муттаҳидаи Арабро бетараф гузошта натавонистанд ва барои бартараф сохтани он ин кишвар ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстонаи худро равон намуд. Бинобар дастур ва супориши Шайх Халифа Ибни Зоид Оли Наҳаён, Раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб корвони кумакҳои ин кишвар тӯли чанд рӯзи охир ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ ва зилзила зарардидаи Тоҷикистон расида истодаанд. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо намояндаи ҳайати ин кишвар -муасиссаи Халифа ибни Зойид Оли Наҳаён оид ба корҳои башардӯстона Умар Аҳмад ас-Саидӣ суҳбат намуд.

Ховар:  Бигӯед, ки корвони кумакҳо   ба минтақаҳои зарардидаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон аз кадом мавод иборат аст?

Умар Аҳмад:  Корвони кумакҳо аз 95 мошини боркаши ҳомили садҳо тонна  маводи сохтмонӣ, ки аз бозорҳои Тоҷикистон харидорӣ шудаанд, иборат мебошад. Ин кумакҳо, ки дар маҷмӯъ 6 миллион доллари амрикоиро дар бар мегиранд, аллакай ба маблағи 2 миллион доллари он мавод харида шуда, беш аз 200 тонна масолеҳи сохтмонӣ ба ин минтақа равон карда шуд ва то рӯзҳои наздик кумакҳои боқимонда ба ин минтақаи осебдида аз заминларза ирсол хоҳанд гардид. Ин вазифаи  башардӯстона, кумакҳои бародарона ва пайгиронаи  давлати Аморот  ба зарардидагон баёнгари алоқаи зиёди ин кишвар ба мардуми Тоҷикистон мебошад.

Ховар: Таассуроти Шумо аз кишвари Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Умар Аҳмад:  Зимни анҷоми вазифаи инсондӯстона, ҳамзамон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дидан кардем ва он чи, ки қаблан дар зеҳни худ нисбат ба вазъи Тоҷикистон доштем, аз имрӯза комилан фарқ дорад. Аз вазъи кишвари  шумо тавассути Сафорати Тоҷикистон, ки дар Аморот вуҷуд дорад, огоҳ будем. Новобаста аз вазъият дар минтақа ва кишварҳои ҳамсояи он дар ин кишвар ҳолати амну субот барқарор ва побарҷост. Вале бо назардошти ин ҳама маълумоти қаблан дошта ба ростӣ мо беш аз он чиро, ки таваққуъ доштем, дучор гардидем ва аз он шигифтзада шудем. Сайру гашти озодонаи мардум, низоми ҳукумат ва инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо, тамизу озода будани роҳу гулгаштҳо ва чизҳое, ки ҳоҷат ба гуфтан нест.

Ховар: То ин замон Тоҷикистонро чӣ гуна мешинохтед ва баъди боздид онро чӣ гуна дарёфтед?

Умар Аҳмад:    Мо Тоҷикистонро ҳамчун ғанитарин кишвар аз лиҳози захираҳои обӣ мешинохтем ва ҳар ҷо, ки об аст, ба ҳамаи мо маълум аст, ки он ҷо ободиву сарсабзӣ низ вуҷуд дорад. Гарчанд бо кам будани фурсат мо танҳо аз шаҳрҳои Норак ва Ҳисор дидан намудем, вале ин ду мавзеъ барои мо таассуроти хеле зиёд бахшид. Шаҳри Ҳисор дар ҳақиқат бо аломатҳову нишонаҳои таърихӣ ва бо мавзеъҳои хеле ҷаззобу дилфиребаш метавонад дилҳои аксари сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намояд, вале инро бояд ишора кунам, ки барои тарғиби ин манзараҳоро пӯшиш додан дар васоити ахбори омма ва дигар воситаҳои расонаӣ бояд тамоми кӯшишу маҳорат сарф гардад. Шояд аксари сайёҳони ҷаҳон аз чунин манзараҳои зебои Тоҷикистон иттилои дақиқ надошта бошанд. Бинобар ин дар ин масъала рӯзноманигорон ва масъулини соҳа бояд аз ҳар дақиқаву сония истифода намоянд.

Ховар: Андешаи Шумо нисбат ба фарҳангу таърихи ҳазорсолаи тоҷикон.

Умар Аҳмад:  То он ҷо, ки мо огаҳӣ пайдо кардем,  аксари бузургони олами ислом нафароне ҳастанд, ки аҷдодони шумо тоҷикон ҳастанд. Ба мисли Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ ва даҳҳову садҳои дигар дар тӯли таърих. Пас инро бояд зикр намуд, ки ҳар ҷо, ки об ҳаст, он ҷо ободӣ ва тамаддуну маърифат ҳаст. Пас Тоҷикистон ва ё аҷдоди шумо аз ин ду неъмати бебаҳо бархурдор буданду ҳастанд- яке сарсабзӣ, дигаре маърифат.

Ва ин табиист, агар ба таърих назар андозем, дар ҳар ҷои дунё ва дар он кишварҳое, ки тамаддуни онҳо ҷаҳонӣ гаштаанд, аввалин сабабаш он будааст, ки дар он кишварҳо об вуҷуд доштааст, ба монанди Миср ва Ҳинд. Маълум аст, ки аҷдоди тоҷикон низ аз ин неъмат бархурдор будаанд, инро наметавон нодида гирифт, зеро мо имрӯз онро мушоҳида менамоем. Тӯли ин муддати кӯтоҳ таассуроти мо аз Тоҷикистон хеле зиёд аст, мо бештар аз он чи, ки интизор доштем, рӯ ба рӯ гаштем. Сокинони Тоҷикистон  меҳмоннавозанд, боду ҳавои беназир ва муомилаи хуби масъулин дар соҳаҳои гуногун ба ёд монданист.

Дар охир аз номи худ ва мардуми Аморот, бахусус Шайх Халифа Ибни Зоид Оли Наҳаён, Раиси Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати баҳор ва иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, дар фаъолияти онҳо муваффақиятҳо орзумандам.

 

 

 

Март 17, 2016 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад