Иштироки 50 % овоздиҳандагон дар участкаи раъйпурсии №33-и ноҳияи И.Сомонӣ

Май 22, 2016 13:40

Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз субҳи барвақт, дар пойтахти  кишвар баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳамаи участкаҳои раъйдиҳӣ ҷараён дорад.
Дар участкаи раъйпурсии №33-и ноҳияи И.Сомонӣ, воқеъ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №13 дар соати 11-30 — 1240 нафар аллакай овоз доданд.
Бино ба гуфтаи узви участкаи раъйдиҳии №33 Гулнора Раҳимова,  шумораи умумии раъйдиҳандагони ин участка 2627 нафар мебошад.
Аз ин шумора 1298 занон ва 1329 мардон мебошанд. Дар участкаи мо 20 нафар шахсони 18 сола ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо бори нахуст барои додани овози худ ба муассисаи мо меоянд. Инчунин дар участкаи мо як нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон низ ба қайд гирифта шудааст. Барои нафароне, ки аз сабаби вазъи саломатӣ ба раъйпурсӣ омада наметавонанд, қуттиҳои сайёр омода гаштаанд, ки масъулон пас аз нисфирӯзӣ ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро низ хоҳанд гирифт,-илова намуд Гулнора Раҳимова.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб дар участаи раъйдиҳии №33 халқиятҳои дигар низ номнавис шудаанд, ки аз онҳо 12 нафар русзабон ва 9 нафар узбекзабон мебошанд.
«Аз рӯйхати умумии сокинони маҳаллаҳои вобаста ба участкаи мо 96 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Нафароне, ки берун аз ҷумҳурианд, дар нуқтаҳои омоданамудаи ҳамон кишвар овоз хоҳанд дод,-илова намуд Г.Раҳимова.

Май 22, 2016 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд