Ғалабаи Италия бар тими Испания дар даври 1/8- ниҳоӣ

Июнь 29, 2016 16:26

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Италия дар доираи бозиҳои даври 1/8- ниҳоии мусобиқоти қарамонии Аврупо-2016 тими миллии Испанияро дучори шикаст намуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Стад де Франс»-и шаҳри Сен-Дени сурат гирифт ва бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи  футболбозони итолиёӣ поён ёфт. Итолиёиҳо пешсафиро аллакай дар қисми аввали дидор ба даст гирифтанд. Дар дақиқаи 33-юм баъди зарбаи қавии Давид де Хеа аз ҷаримагоҳ Ҷорҷо Келлини дарвозаи испаниҳоро рахна кард ва ҳисобро кушод.
Баъд аз танаффус футболбозони испанӣ тӯбро бештар зери назорати худ қарор дода, ба ҷониби дарвозаи ҳарифон ҳуҷумҳои пай дар пай ташкил намуданд.  Аммо дар ин ҷо дарвозабон Ҷанлуиҷи Буффон дар мавқеи худ устувор буд ва якчанд ҳолати голзаниро низ бартараф намуд.
Ҳамин тариқ, дар дақиқаҳои охир Грасиано Пелле бо зарбаи қавӣ тӯбро вориди дарвоза намуд ва бартарии тимашро афзун кард.
Бо ҳамин қаҳрамони феълӣ- тими мунтахаби «Испания» баромадашро дар мусобиқоти Аврупо-2016 ба охир расонид. Дастаи Италия  роҳи худро ба даври 1\4- ниҳоӣ ҳамвор кард. Акнун онҳоро боз ҳам вохӯрии мушкилтаре интизор аст, зеро дар бозии навбатӣ бар муқобили рақиби сарсахти дигар- тими мунтахаби  Олмон ба майдон мебароянд.
Вохӯрии даври 1\4- ниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Италия ва Олмон 2 июл баргузор хоҳад шуд.

Июнь 29, 2016 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд
Дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко дар Ҳафткӯли Тоҷикистон варзишгарони 12 давлати ҷаҳон ҷамъ омаданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вориди Тошканд гардид