Масъулини соҳаи маориф: «Муомилаи дағал дар боғчаҳо ғайрипедагогӣ мебошад, самимият ва меҳрубонӣ аз муносибати хуб пайдо мешавад»

Июнь 14, 2016 08:45

Душанбе, 14.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли равон ҷамъоварии маблағ дар муассисаҳои томактабии пойтахт ба андозаи 80 сомонӣ муқаррар гардид. Бархе волидон, ки 2-3 фарзандашон дар  таълиму тарбияи кӯдакистонҳои давлатӣ қарор доранд, бо шунидани ин хабар изҳори нигаронӣ намуданд. Бархеи дигар  изҳори умед карданд, ки бо зиёд шудани маоши мураббиён  амалҳои ғайриқонунӣ ситонидани маблағи иловагӣ аз волидон кам хоҳанд шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи муассисаҳои томактабии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳусейн Махмедов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки айни ҳол беш аз 20-25 дарсади атфоли Душанбе дар муассисаҳои томактабӣ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳудуди пойтахт аз 122 кӯдакистон 89-тояш боғчаи давлатӣ аст, 22-тояш хусусӣ ва 11-тоаш муассисаҳои томактабии ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Ҳ. Махмедов афзуд, ки  қарори мазкур бо мақсади  беҳтар кардани сифати хӯроки тарбиятгирандагон, таъмири боғча ва зиёд намудани маоши мураббиён  то 40- 45% қабул карда шуд.
Тибқи қоида бояд дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб то 25 нафар, дар гурӯҳи 3-4 сола то 20 нафар ва дар гурӯҳи ширхора то 15 нафар тарбия гиранд. Аммо имрӯз кӯдакони гурӯҳҳои боғчаҳо аз меъёр зиёдтаранд.
Ба гуфтаи масъулини соҳаи маорифи пойтахт, дар як боғча бояд наздики 300 нафар кӯдак таълиму тарбия гиранд, аммо норасоии кӯдакистонҳову зиёдшавии талабот ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сабаб шудааст, ки имрӯзҳо дар боғчаҳо аз меъёр зиёд кӯдак ва дар баъзе гурӯҳҳо то 30-40 кӯдак тарбия мегиранд. Табиист, ки ба ҳама ҷои хоб намерасад ва мураббиён маҷбур мешаванд дар як кати хоб ду кӯдакро хобонанд.
Садик«Барои ба низом даровардан мо дар тамоми муассисаҳои томактабӣ санҷиш гузаронида, то ҳадди имкон пеши роҳи ин масъаларо гирифтем. Азбаски барои мондани катҳои иловагӣ ҷой нест, маҷбур шудем, ки катҳои дуошёна дастрас намуда, ба боғчаҳои ниёзманд тақдим кунем. Бо зиёд шудани маблағи кӯдакистонҳо ин мушкилот аз байн хоҳад рафт. Ҳамчунин барқарорсозиву навсозии кӯдакистонҳо  ба роҳ монда шудааст, ки аз моҳи июл бино ва саҳни ҳавлии боғчаҳои таъмирталаб ба тартиб дароварда мешаванд».
Аз рӯи баъзе маълумот, имрӯз волидайн барои дохил кардани фарзандонашон ба кӯдакистонҳо бояд ба муддати тӯлонӣ навбат истанд ва ё бо роҳи «осон» мушкилашонро тавассути шинос ё кумак намудан ба кӯдакистон ҳал намоянд.
София Набиеваи 24-сола , сокини шаҳри Душанбе зимни як суҳбат гуфт, ки ҳангоми муроҷиат ба кӯдакистон ба вай гуфтанд, ки ҷой надоранд ва танҳо баъди  ба миён даровардани шиноси худ ва додани 600 сомонӣ фарзандашро ба боғча қабул намуданд.
Ҳусейн Махмедов дохилшавӣ ба кӯдакистон аз тариқи додани маблағро рад намуда, изҳор дошт, ки аз рӯи қонун барои дохил намудан ба кӯдакистон умуман маблағ ситонида намешавад. Аммо волидон метавонанд бо хоҳиши худ барои тармиму навсозии бинои боғча саҳми худро гузошта, як миқдор маблағ пардохт намоянд.
Дар робита ба ришваситонӣ дар кӯдакистонҳо Ҳусейн Махмедов гуфт, ки барои пешгирии он аз охири моҳи июн санҷишҳо мегузаронанд. «Ғайр аз ин аз моҳи январ қариб дар ҳамаи боғчаҳои ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем. Чанд амали ғайриқонунӣ ситонидани маблағи иловагӣ аз волидонро мушоҳида намудем, ки онҳо зуд бартараф шуданд.  Ӯ изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар вақт волидон аз шикояти расмӣ намудан меҳаросанд ва   масъулин чун далели мушаххас надоранд, наметавонанд ин ё он кӯдакистонро барои даст задан ба коррупсия муттаҳам созанд».
«Бинобар ин аз волидони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки агар шоҳиди  ҳолатҳои ришваситонӣ шуданд, ҳатман ба мо маълумот диҳанд»,- зикр намуд ӯ .
«Ба раёсати мо бисёр муроҷиатҳо аз шахсони камбизоат ворид мешаванд, ки имконияти пардохт намудани 80 сомониро надоранд. Онҳо хоҳиш доранд, ки эшон аз ситонидани маблағ дар муассисаҳои томактабии пойтахт озод карда шаванд. Аммо мувофиқи қонун барои оилаҳои камбизоат барои дохил кардани кӯдакашон ба кӯдакистон ягон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Имтиёз танҳо барои нимятимон ва ятимон дода мешавад.  Боғча ҳатмӣ нест. Ин муассисаи ихтиёрӣ аст,  касоне ки имконият надоранд, метавонанд кӯдаконашонро дар хона нигоҳубин намоянд»,- гуфт ӯ.
Садик(1)Аммо занҳои коргар имтиёз доранд, ки фарзандонашон бе навбат ба муассисаҳои томактабӣ дохил шаванд. Аз ҳамаи аризаҳои воридшуда, мо дар навбати аввал аризаи зани коргарро дида мебароем ва онро то ҳадди имкон ба манфиати онҳо ҳал мекунем.
Айни ҳол, ба иттилои Ҳ. Махмедов муассисаҳои томактабии № 1, 15, 65, 84, 117, 118, 123, 127 и пойтахт беҳтарин кӯдакистонҳои давлатӣ ҳисобида мешаванд, ки ин боғчаҳо аз ҷиҳати тармиму таъмир дар ҳолати хуб қарор доранд ва  сатҳи касбии мураббиёни ин боғчаҳо ҷавобгӯи талабот аст.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бархе аз волидон, ки фарзандонашон дар кӯдакистони№ 118 и пойтахт тарбия мегиранд, аз ҷиҳати тозагӣ ва таъминот бо хӯрок пурра ба талабот ҷавобгӯ будани ин кӯдакистонро тасдиқ намуданд.
Аммо онҳо аз он шикоят карданд, ки мудири боғча бо онҳо бисёр муносибати дағалона дорад ва ба ҳар савол ва эроди волидон «нахоҳед, фарзандонатонро аз ин боғча гиред» гӯён ҷавоб медиҳад.
«Ҳатто ҳангоми бардоштани нархи боғча сабаби зиёдшавии онро ба мо маънидод накарда, аз мо ба ҷои 80 сомонӣ, минбаъд пардохт намудани 110 сомониро талаб кард»,- шикоят намуд модари яке аз тарбиятгирандагони ин боғча.
Мудири боғчаи мазкур Гулчеҳра Акобирова  ин шикоятҳоро беасос дониста, гуфт, ки ӯ наметавонад дили ҳар як волидайни 350 нафар кӯдакеро, ки дар ин боғча ҳастанд, ёбад, аммо доимо мекӯшад, ки адолатхоҳ бошад.
«Вақте ки волидон кӯдакашонро соати аз 7 то 8 нею соати 10 ба боғча меоранд, ман метавонам дағал бошам, чунки борҳо таъкид кардаам, ки тибқи низомнома ва аз рӯи қоида дарҳои боғча соати 8 00 баста мешаванд. Риоя кардани ин қоидаҳоро талаб мекунам, ба онҳо писанд намеояд. Вақте ки онҳоро огоҳ мекунам, ки ҷашн гирифтани зодрӯз дар боғчаҳо манъ аст, вале онҳо писанд накарда, шириниҳо бардошта меоранд, ман, албатта, дағалӣ мекунам. Вақте ки ман таъкид мекунам, ки барои аз боғча гирифтани кӯдакон хурдсолонро равон накунанд, аммо «дар хона меҳмон дорем, очам гуфт, ки хоҳаратро биёр», гӯён гирифта мераванду пагоҳи дигар падараш ба наздам шикояткунон меояд, ки «шумо чӣ тавр тавонистед, ки кӯдакро ба кӯдак бовар кунед». Иқрор мешавам, ки дар ин гуна мавридҳо ман дағалӣ мекунам.
Садик (2)Ба гуфтаи Г. Акобирова, ғайр аз 80 сомонии муқарраршуда, ӯ ягон маблағи иловагӣ талаб накардааст.
«Шукри Худо камбудӣ надорем, ҳаматарафа  таъминем. Бисёр волидон бо хоҳиши худ ба мо кумак мекунанд. Айни ҳол ҳамаи тарбиятгирандагони мо бо ҷойи хоб ва ғизои зарурӣ таъминанд.  Дар саҳни ҳавлии боғча ҳар саҳар 15 дақиқа кӯдакон ба варзиш машғуланд. Бинобар ин соли 2014 боғчаи мо «Кӯдакистони сол» эълон гардид», афзуд ӯ.
Ин нуктаро Ҳусейн Махмедов инкор намуда, гуфт, ки мудир дар ягон ҳолат дағал буда наметавонад. Аз рӯи нигоҳи педагогӣ ин дуруст нест. Агар волидон тартиботи боғчаро риоя накунанд, низоми боғчаро вайрон кунанд, масъулини боғча ҳақ доранд аз рӯи низомнома ба номи онҳо огоҳнома нависанд, аммо муомилаи дағал ғайрипедагогӣ мебошад. Чӣ дар оила, чӣ дар мактаб ва хусусан дар боғча самимият ва меҳрубонӣ аз муносибати хуб пайдо мешавад.
Бояд зикр кард, ки аз нигоҳи равоншиносон ва коршиносони соҳаи педагогӣ  кӯдаке, ки дар боғчаи кӯдакон тарбия ёфтааст, аз кӯдаки дар хона бавоярасида тафовути зиёд дорад. Фарқияти якум дар он аст, ки кӯдаки дар боғчаи кӯдакон тарбияёфта  дар бораи муҳите, ки ӯро иҳота намудааст, бештар маълумот пайдо мекунад. Муоширатро меомӯзад ва аллакай ӯ қобилияти мустақилона фикр рондану мақсад гузоштан дорад.
Яъне, рушди зеҳнӣ ва инкишофи тафаккураш нисбатан фаъол аст.

Лутфия Эшонқулова

Июнь 14, 2016 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад