Навбатдории шабона дар масҷидҳо амали маъмулист, ки дар арафаи идҳо ба роҳ монда мешавад

Июнь 29, 2016 16:43

Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр дар масҷидҳои ҷомеи  кишвар мисли солҳои қаблӣ гурӯҳҳои навбатдори шабона, ки аз ҳисоби кормандони масҷидҳо  созмон дода шудаанд, фаъолият мекунанд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ доир гардид, баррасӣ шуд. Ин тадбир ба мисли солҳои пешин  бо мақсади таъмини омодагии масҷидҳо барои  адои намози Иди Фитр ва ҳамзамон амнияти намозгузорон  андешида мешавад.
Инчунин  дар  тамоми масҷидҳои  ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар камераҳои  назоратӣ насб карда шудаанд, ки онҳо ҳаракат ва гашту гузори атрофиёнро дар кӯча ва намозгузоронро дар дохили масҷидҳо назора менамоянд.
Ҳоҷинеъматулоҳ Олимов, котиби масъули  Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷаласа ҳамзамон расонидани  кумак ба ниёзмандону маъюбон, ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ дар мавриди оростани хони идона ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, раиси Шӯрои уламои кишвар аз имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар даъват намуд,  ки дар  намози ҷумъа зимни мавъизаҳои худ  ба мардум масъалаҳои матраҳгардидаро тавзеҳ диҳанд.
Бояд гуфт, ки  соли равон дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр чоршанбе,  6 июл таҷлил карда мешавад.
Намози иди Фитр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 оғоз меёбад.

Июнь 29, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд