Имрӯз аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сол сипарӣ гардид

Июль 22, 2016 10:05

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз,  22 июл аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» 27 сол сипарӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди равшанфикрони кишвар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  забон»-ро  қабул  намуд. Бо қабули ин қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, дар тамоми вазорату идораҳои кишвар  коргузорӣ ба забони давлатӣ  роҳандозӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз 20 соли  қабули қонуни мазкур соли 2009 ин қонун дар таҳрири нав бо номи «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Забон яке аз рукнҳои асосии  давлатдории миллати тоҷик буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намудани он вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷику тоҷикистонист.

Июль 22, 2016 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд