Сулаймон Давлатзода бо Девид Сперштейн оид ба масоили озодии виҷдон ва дин дар Тоҷикистон суҳбат намуданд

Июль 22, 2016 11:04

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо Сафир оид ба супориши махсус оид ба озодии байналмилалии дини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Сардори Департаменти давлатӣ) Девид Сперштейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Инга Миллард, корманди раёсати ҳуқуқи инсон ва меҳнат дар самти идораи оид ба озодии дин дар Вазорати корҳои хориҷии ИМА Робин Шулман, корманди бахши иқтисоди сиёсии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Брендон Шервуд, муовини якуми раиси Кумита Ҷумъахон Ғиёсов, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров иштирок карданд. Масоили  марбут ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин аз мавзӯъҳои калидии суҳбат ба ҳисоб рафт.
Раиси Кумита Сулаймон Давлатзода доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти озодии виҷдон сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар ин давра, мардуми Тоҷикистон имкон пайдо намуданд, то аз ҳуқуқҳои динии худ бемамоният истифода намоянд.
Девид Сперштейн иброз намуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба метавонад дар самти ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ дар ин соҳа мусоидати бештар намояд.

Июль 22, 2016 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд