16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Носир Саидов: «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст мактаби кино таъсис диҳад»

Октябрь 16, 2016 08:38

Душанбе, 16.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Кинои тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми бахшҳои дигар рушд намуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштааст. Кинематографистони тоҷик дар давраи ҳозира хеле фаъолона бо ҳамкасбони хориҷии худ ҳамкорӣ намуда, филмҳои муштарак низ эҷод менамоянд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кард. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд. Имрӯз 16 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки бо директори «Тоҷикфилм» Носир Саидов суҳбат намояд.

Ховар: Муҳтарам Носир Саидов,  бигӯед, ки имрӯз дар «Тоҷикфилм» кор чӣ гуна ҷараён дорад. Аз рӯзе, ки Шумо роҳбарии онро бар уҳда гирифтед, чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд?

Носир Саидов: Аслан тағйирот ё пешрафти як соҳа дар марҳилаҳои гуногун ба амал меояд. Дар айни ҳол  дар Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» истеҳсоли филмҳои бадеии пурра ва кӯтоҳмуддат, филмҳои мустанад ва филмҳои аниматсионӣ ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба вазъи иқтисодӣ соли равон «Тоҷикфилм»  истеҳсоли филмҳои мустанад, филмҳои кӯтоҳмуддат ва як филми пурраметраи ҳунарӣ бо номи «Хоби маймун»-ро дар нақша дошт.

Дар муқоиса ба гузаштаи начандон дур, фарз кардем панҷ соли пеш, вазъи ин даргоҳи ҳунар хеле беҳтар аст. Муҳим он аст, ки ин коргоҳи асосӣ ва муҳими кино дар роҳи рушд аст ва имконоти хуби техникӣ пурра фароҳам оварда шудааст. Бо боварӣ мегӯям, ки «Тоҷикфилм» бо техникаи замонавӣ таъмин аст. Мо метавонем имрӯз филмҳое созем, ки аз нигоҳи техникӣ ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ бошад.

Инчунин кадрҳои ҷавон, ки ба истеҳсоли филм шавқ ва рағбати зиёд доранд, ҷалб гаштаанд. Барои тағйири вазъ ва рушди кино мо ҳама имконотро истифода мебарем.

Ховар: Бо мақсади дастгирии рушди кино ва дастгирии соҳа Ҳукумати ҷумҳурӣ ду барнома-«Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010» ва «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011- 2015»-ро тасдиқ намуд. Оё қабули ин барномаҳо ва маблағи ҷудогардида ба пешравии кинои тоҷик такони ҷиддӣ бахшида тавонист ва онҳо пурра иҷро шуданд?

Носир Саидов: «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011 – 2015», ки дар ин давра ман роҳбарии Киностудияи «Тоҷикфилм» –ро ба зимма доштам, хеле босамар буд. Як чизро бояд гӯям, ки бе техникаи замонавӣ филми босифат офаридан номумкин аст. Маҳз дар ҳамин давра «Тоҷикфилм», ки аслан техника надошт, бо технологияи навтарини киносозӣ таъмин гардид ва шароити хубе барои офаридани филмҳо муҳайё шуд. Ҳамин буд, ки филмҳои ҳунарии «Оинаи беҷило», «Марги бегуноҳ», «Сафари ҳавоӣ», копродуксияи силсилафилми «Як ҷаҳон аз ману ту», филмҳои кӯтоҳмуддати «Қатора», «Гули бахт», «Хобидан мехоҳам», «Ломакон», «Вазъият», «Муаллим» ва филмҳои мустанади «Ваҳшати ҷанг», «Танҳо осмон баланд», «Нуробод», «Бадахшон» ва «Рози тавлид» маблағгузорӣ гардиданд.

Ховар: Киношиносон  «Қиёми рӯз»-ро дар кишвар  нахустин филме медонанд, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии кино наворбардорӣ шудааст. Тавре хабар дорем, барои офаридани филм  техникаи филмбардорӣ аз Русия ва коргардони овозро аз Эрон даъват намуда будед. Шумо гуфта метавонед, ки имрӯз «Тоҷиккино» бо технология ва мутахассисонаш филмҳои мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалиро наворбардорӣ мекунад? (Агар карда бошад, баъди филми «Қиёми рӯз» номбар кунед).

Носир Саидов: Дуруст зикр кардед, ки дар офаридани филми «Қиёми рӯз» техникаи  наворбардорӣ  ва  садобардор аз хориҷи кишвар оварда шуда буд. Чунки он замон «Тоҷикфилм» имконоти техникии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналхалқиро надошт. Дар кинематография ин чиз таҷриба шудааст, ки аз кишвари дигар мутахассисон даъват карда мешаванд. Замоне буд, ки ман ҳам аз ҷониби кинематографистони Русия барои кор даъват мешудам. Яъне чунин таҷриба дар кино қабул аст. Дар майдонҳои филмсозӣ чунин ақида нест, ки яке аз Тоҷикистон асту дигаре аз хориҷа. Гурӯҳи эҷодии филм мисли як оилаанд, ки як корро мекунанд ва ҳар касе дар офаридани филм, ки кори хеле заҳматталаб аст, ҳиссаи худро мегузорад.

Гузашта аз ин, мақсад аз овардани ин имконот аз хориҷи кишвар на танҳо сифати баланди филм буд. Бояд зикр кунам, ки истеҳсоли ҳар як филм ва махсусан филми ҳунарӣ ин як мактаб аст, ба ибораи дигар давраи офаридани филм марҳилаест, ки кормандони гурӯҳ аз якдигар кор меомӯзанд, таҷриба ва малакаи доштаашонро сайқал медиҳанд. Ҳамин шуд, ки ҷавонони мо аз ин кормандони баландихтисоси соҳаи синамо кор омӯхтанд. Мо дарсҳои омӯзиши ҳунари садобардориро ҳам ташкил кардем ва имрӯз ин ҷавонон мустақилона дар майдонҳои филмбардорӣ кор мекунанд. Албатта, ин филм, ки бо технологияи хуб ва мутахассисони баландихтисос «таъмин» буд, аз нигоҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ бо сифати баланд офарида шуд. Дар сохтани филм ин чизҳо аҳамияти кам надорад. Бояд ёдрас кунам, ки он замон дар кишвар дар ягон Донишгоҳ ҳунари киносозӣ омӯхта намешуд. (Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи М. Турсунзода дар назди факултаи фарҳангшиносӣ шуъбаи кинорежиссура фаъолият мекунад, ки «Тоҷикфилм» бо он ҳамкории қавӣ дорад). Барои ҳамин ҳам истифодаи имконот бамаврид буд.

Ховар: «Қиёми рӯз» ягона филми тоҷикиест, ки намоишаш дар 17 кишвари ҷаҳон баргузор гаштааст ва ҷоизаҳои зиёд ба даст овардааст. Сирри  муваффақияти ин филм дар чӣ аст?

Носир Саидов: Инҷо ягон сир нест.  Ҳар филм бояд мушкилиеро ба миён гузорад ва аз тақдири инсонҳо қисса кунад. Агар чунин нест, пас ҳоҷати офаридани филм ҳам нест. Барои тамошобин  ҳама вақт ин мавзӯъ ҷолиб аст.

Муваффақияти «Қиёми рӯз» оғози роҳ буд. Пас аз он филмҳои дигаре офарида шуданд, ки сатҳи ҷаҳонӣ доранд ва Тоҷикистонро дар саҳнаҳои бузурги кино муаррифӣ карданд. Аз ин зумра метавон филми «Оинаи беҷило», «Гунҷишки сафед» (коргардон Диловар Султонов) ва филми «Муаллим»-ро ном бурд. Барои мисол филми «Оинаи беҷило», ки нахустнамоиши байналхалқиаш дар фестивали Пусан (Кореяи Ҷанубӣ) баргузор шуд, дар чандин фестивалҳои байналхалқии кино соҳиби ҷоиза гашт. «Гунҷишки сафед»  дар 15 кинофестивали байналхалқӣ иштирок кардааст ва дорои 5 ҷоизаи ин фестивалҳо шудааст.

Ховар: Имрӯз ин соҳаи муҳими давлатӣ чӣ мушкилот дорад? 

Носир Саидов: Чанд марҳила ва мушкилии асосӣ аст, ки кинои тоҷик онро бояд тай кунад. Мушкилии аввал-ин прокати кино ё фурӯши кино аст. Дар кинематография як қоида вуҷуд дорад: Филме, ки сохта мешавад, бояд маблағи дар истеҳсолоташ сарфшударо барорад. Яъне тавассути бозор ба тамошобин пешниҳод гардад ва ин маблағ барои истеҳсоли филмҳои дигар ё техника сарф гардад. Аз ин мебарояд, ки танҳо истеҳсоли филм наметавонад рушди ин соҳаро таъмин кунад. Агар ин мушкилӣ ҳалли худро ёбад, суръати рушди кинои тоҷик хеле хуб мешавад, чунки кино маблағ мехоҳад.

Мушкилии дигаре, ки ин соҳаро фарогир аст, маблағгузорӣ аст. Хушбахтона, аз ҷониби  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  супориш шудаааст, ки лоиҳаи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2017 – 2021» дастгирӣ ёбад.  Мо метавонем, ки дар ин давра бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи нақшаҳои дар барнома буда хеле рушд кунем.

Мушкилии дигар ин камбудии филмномаҳои ҷолиб аст. Ба ҳамин хотир ҳам мо тасмим гирифтаем, ки аз январи соли 2017 дар назди киностудия мактаби киноро таъсис диҳем. Дар ин мактаб, ки таҳсил тӯли панҷ моҳ давом хоҳад ёфт, мақсад дорем, ки ҷавонони соҳибзавқро ҷамъ орем ва ба онҳо мутахассисон нозукиҳои киноро омӯзанд. Дар ниҳояти кор нақша дорем, ки ин ҷавонон се филми кутоҳмуддат созанд. То ки онҳо ҳамаи марҳилаҳои филмсозиро аз сар гузаронанд. Одатан аз миёни чунин гурӯҳҳо истеъдодҳои хуб дар ин соҳа мемонанд.

Ховар: Ба он филмҳое, ки аз ҷониби студияҳои хусусиву шахсии кишвар пешкаши тамошобинон мегардад, чӣ назар доред? Баъзеи онро метавон филм номид?

Носир Саидов: Ман бар онам, ки студияҳои хусусӣ бошанд, ҳатман бошанд. Лекин филмсозӣ ин хобби нест. Филмсозӣ ин касбу ҳунар аст. Бояд онҳо нозукиҳои ин ҳунарро ёд гиранд. Филмҳои сохтаашон паёме дошта бошад, ки ҷавобгӯи меъёрҳои ҳунари кино бошад.

Ховар: «Тоҷикфилм» тамошобинонро бо кадом филмҳои нав хурсанд мекунад?

Носир Саидов: Ҳама филмҳое, ки дар чанд соли охир офарида шудаанд ва дар боло номбар шуданд, аз ҳаёти мардуми тоҷик қисса мекунад ва дер ё зуд албатта, пешкаши тамошобин мегарданд. Мутаассифона, филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» аз ҷониби телевизионҳо барои намоиш харидорӣ намешаванд. Ҳамин аст, ки тамошобини тоҷик ба филмҳо дастрасӣ надорад.

Барои мисол кишвари ба мо дӯсти Русияро гирем. Агар он ҷо филме истеҳсол шавад ва аз ҷониби ақалан ду канали телевизионӣ харидорӣ гардад, харҷи истеҳсоли ин филм бароварда мешавад ва имконият барои офаридани филми дигар муҳайё мегардад.

Мехоҳам зикр созам, ки бо дастгирӣ ёфтани барномаи рушди кино истеҳсоли филмҳои  бадеӣ бештар мешавад. Ва бо фароҳам омадани шароити мусоид робита байни тамошобини тоҷик ва филмсозон қавитар мегардад.

Ховар: Таманниёти шумо дар Рӯзи кино.

Носир Саидов: Ба ҳама кормандони ин ҳунари зебо, пеш аз ҳама, саломатӣ ва муваффақият хоҳонам. Ҳамчун коргардон орзу дорам, ки комёбиҳои эҷодӣ насибашон бошад.

 Муаррифинома:

Офаридаҳои Носир Саидов ҳеч гоҳ зери парда намондаанд. Асарҳояш барои тамошобин ошноянд. Филми «Қиёми рӯз»-и ӯ аз башумор филмҳо дониста мешавад, ки дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шуда, дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонии «Керала» дар Ҳиндустон, дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Ҷопону Русия, Ҳинду Итолиё ва Ҳоланд ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овард. Дар ҷашнвораи синамои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Қиёми рӯз» дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро ба худ гирифт. Ин ҷоиза барои беҳтарин кори коргардонӣ ба ин филм дода шудааст. Филми дигари номии ӯ «Оинаи беҷило» дар соли 2013 ба навор бардошта шуд. Филми «Муаллим»-и ӯ дар соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Аз ҷумла, ҳунарманди маъруфи эронӣ Маҳнози Афшор нақши асосиро бозидааст. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Ин филм бори дигар маҳорати беҳамтои Носир Саидовро ба намоиш гузошт. Соли 2004 бо Ифтихорномаи Президенти Тоҷикистон мукофонида шудааст. Аз соли 2000 узви Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон мебошад. Оиладор соҳиби ду фарзанд аст. Писараш Парвиз дар филми «Оинаи беҷило» яке аз нақшҳои асосиро офаридааст.

 Суҳбаторо Мавҷуда Анварӣ

 

Октябрь 16, 2016 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад