Дар Кумитаи рушди маҳал барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

Декабрь 30, 2016 11:54

img_1066ДУШАНБЕ, 30.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода вобаста ба барномаи миёнамуҳлати рушди ҷумҳурӣ бо овардани далелу арқоми боварибахш сухан гуфта, иҷрои онро воқеӣ хонд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ Саидмурод Ҳалимов оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 аз ҷумла гуфт: «Дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 8 ҳазор пиряхҳои хурду бузург ҷой доранд. Мамлакати мо дорои қариб 2000 ҳазор кӯл ва обанборҳои хурду бузург мебошад. Дарёҳое, ки дар масофаи беш аз 10 километр ҷорӣ мешаванд, 974- то буда, дарозии умумии онҳо ба 28 500 километр мерасад. Бо чунин захираи бузурги об кишвари мо на танҳо худ, балки кишварҳои минтақаро низ метавонад пурра бо об таъмин намояд. Дар ин бора борҳо Пешвои миллат дар суханрониҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ изҳори назар кардаанд».
Дар ҷаласаи Кумитаи рушди маҳал масъалаи соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мавриди назар қарор дода шуд. Сармутахассиси Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумита Солор Салоҳиддинов гуфт, ки соли ҷавонон барои мо имтиҳон ва масъулияти бузург аст. Мо бояд онро бо меҳнати содиқона ва иқдомҳои созандаи ватанпарастона пешвоз гирифта, пайрави асили Пешвои миллат бошем.

Декабрь 30, 2016 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд