Дар Тоҷикистон воридоту истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

Февраль 6, 2017 08:03

Махмадали ДавлатовДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ чораҷӯӣ карда, якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод манзур намояд»,-иброз намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат  22 декабри соли 2016.

 Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба мавзӯи воридоту истеҳсоли  маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо Маҳмадалӣ Давлатов, муовини сардори Хадамоти назорати  давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид.

«Ховар»: Дар ҷумҳурӣ кадом ширкатҳо ба истеҳсоли  доруворӣ ва маводи тиббӣ машғул ҳастанд ва  иқтидори  истеҳсолии онҳо талаботи кишварро то кадом андоза қонеъ мегардонад?

Маҳмадалӣ Давлатов: Ҷиҳати рушди истеҳсоли  маводи доруворӣ ва  молҳои  тиббӣ  дар ҷумҳурӣ  танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби зиёда аз 10 ширкат ба маблағи умумии 140 миллион  сомонӣ таҷҳизот харида, ҳамчунин корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Бо мақсади кам кардани воридоти  маводи доруворӣ аз хориҷи  кишвар  ва ба роҳ мондани истеҳсоли ватании он  имрўз зиёда аз  27 ширкат истеҳсоли 200 номгўй  маводи  доруворӣ  ва  молҳои  тиббиро дар ҷумҳурӣ ба роҳ мондаанд.  Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шаҳром-2010», «Ясмина мед», «Кӯҳҳои Тоҷикистон» дар Душанбе, Ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшидаи «Аввалин»,  «Фароз», ҶДММ «Амон-Ш» дар вилояти Хатлон, заводи «Вежа фармасевти кал» дар шаҳри Турсунзода  аз ҷумлаи ин ширкатҳои дорусозӣ мебошанд, ки  ҳар  кадоме аз 8  то 80 номгўй маводи доруворӣ истеҳсол менамоянд. Аксари доруҳои истеҳсолшуда  аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таркиб ёфтаанд. Масалан, бобуна, чойкаҳак, барги зуф, бӯйи модарон, коснӣ, решаи ширинбия, решаи чоқила, меваи хуч, самари дўлона, пудина, аз доруҳои ампулагӣ новокаин, лидокаин, димидрол, аналгин, папаверин, гурўҳи витаминҳои В, маҳлулҳои инфузионии глюкоза, хлориди натрий, маҳлули Рингер, метрогил ва ғайра.

Албатта, ин иқтидори истеҳсолии ширкатҳои айни ҳол фаъолиятдоштаи дорусозӣ талаботи аҳолиро  бо маводи доруворӣ ва молҳои  тиббӣ пурра қонеъ гардонида наметавонад.

Дуруст аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ  маҳз аз кам будани истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар кишвар  изҳори нигаронӣ намуданд.

Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Хадамот тадбирҳои мухталифро ба нақша гирифтааст. Бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавии Хадамот,  баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон, ташкили вохўриҳо бо роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар бораи пешгирии қочоқи маводи доруворӣ аз ҷумлаи корҳои ба нақшагирифташуда   мебошанд, ки аллакай роҳандозӣ гардида истодаанд. Чанде пеш роҳбарияти Хадамот  бо сардорони ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ  ва дорусозӣ мулоқот намуда, нуктаҳои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  дар мавриди рушди соҳаи дорусозӣ шарҳ доданд.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сифати ташхисҳо барои озмоишгоҳи марказии Хадамот ва минтақавии он дастгоҳҳои нав ба маблағи умумии 183 ҳазору 651 сомонӣ харида шуданд.

«Ховар»: Баъзе аз корафтодагон бар он назаранд, ки  бархе аз ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ  доруҳоро тавассути дорухонаҳо паҳн мекунанд. Дорухонаҳо дар навбати худ бо табибон ҳамкорӣ мекунанд, то онҳо ба беморон тавсия диҳанд, ки доруро маҳз аз дорухонаҳои онҳо харидорӣ намоянд. То кадом андоза ин гуфтаҳо воқеият доранд?

 Маҳмадалӣ Давлатов: Мо борҳо тариқи радио ва телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо  ба аҳолӣ муроҷиат кардем, ки дар сурати маҷбур намудани табибон ҷиҳати харид намудани доруворӣ аз дорухонаҳои тавсиянамудаи онҳо ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ муроҷиат намоянд. Дар тамоми дорухонаҳои кишвар гўшаҳои иттилоотӣ мавҷуданд, ки дар онҳо рақами телефони «Боварӣ»-и Хадамот дарҷ гардидааст. Аммо дар соли 2016 ба Хадамот ягон нафар шаҳрванд бо чунин мазмун шикоят накардааст.

Аз кадом дорухона харидани дору дар ихтиёри бемор аст. Табиб ҳақ надорад, ки   ӯро   маҷбур намояд. Табибе, ки худро табиби ҳақиқӣ мешуморад, ин хел корро намекунад. Вай бояд манфиати беморро дар мадди аввал гузорад, на манфиати киссаашро.

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ протоколҳои клиникӣ барои беморон амал мекунанд. Ҳамаи табибон уҳдадор шудаанд, ки табобатро аз рӯйи ҳамин протоколҳо пеш баранд. Дар онҳо маводи доруворӣ бо номи  генерикӣ дарҷ шудаанд. Маводи дорувории ҳақиқӣ назар ба доруҳои  генерикӣ  қиматтар ҳастанд. Аммо имрўз дар дорухонаҳои мо интихоби дору васеъ аст. Беморон метавонанд вобаста  ба  шароиту  имконияти худ дору харидорӣ намоянд.

Дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ телефонҳои «Боварӣ»-и 888 000 303, 888 000 330 амал мекунанд ва  беморон метавонанд дар мавриди шубҳа доштанашон ба доруҳои фармудаи табиб ё водор сохтанашон  ба харидани дору аз дорухонаи мушаххас ба  мо  муроҷиат намоянд.

Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, бояд маърифати тиббии аҳолиро боло бардорем, яъне корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намоем. Танҳо дар якҷоягӣ бо мардуми огоҳ мо метавонем, ки  роҳҳои қочоқи маводи дорувории бесифатро пешгирӣ намоем. Масалан, аксари мардуми мо ҳангоми хариди доруворӣ беэътиноӣ зоҳир намуда,   доруҳоро дуруст ва тибқи тавсияи табибон ва дастурамали истифодаи он истеъмол намекунанд. Онҳоро аз рекламаи телевизион  дида, ба табиб муроҷиат накарда, барои дастрас кардани онҳо   ба дорухона меоянд. Ҳол он ки доруҳоро бидуни тавсияи табибон истифода кардан мумкин нест, аммо на ҳамеша харидорон ин қойидаро риоя мекунанд.

Ниёзмандон  аксари вақт  ҳангоми харидани доруворӣ сертификати сифати дору  он тараф истад, ҳатто муҳлати истифодаи онҳоро  аз назар намегузаронанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 2240 дорухона фаъолият мекунан ва муомилоти доруворӣ  дар онҳо пурра зери назорат аст.

«Ховар»: Дар ҷумҳурӣ  шумораи   ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ чӣ қадар  аст?

Маҳмадалӣ Давлатов: Дар кишвар  беш аз 90 ширкат ба воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғул буда,  доруҳоро  асосан  аз кишварҳои Аврупою Осиё,  аз ҷумла Россия, Беларус, Украина, Покистон, Чин ва Ҳиндустон меоранд. Ҳамаи ин ширкатҳо тибқи қонунҳои мавҷудаи фаъолияти фармасевтӣ намунаи маводи худро пеш аз муомилот баровардан барои ташхис ба озмоишгоҳи  Хадамот  пешниҳод  менамоянд.

Соли 2016 озмоишгоҳҳои   марказӣ ва  минтақавии Хадамот ҷамъ ба миқдори 43 831 адад маводи дорувориро аз санҷиш гузарониданд, ки аз онҳо 32 914 адад аз воридот, 8273 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ  аз муомилот гирифта шудаанд.  Аз ин миқдор 209 намуна ба талабот ҷавобгўй набуданд, 33 намуна дар вақти воридот ва 176 намуна ҳангоми муомилот ошкор шуданд ва нисбат ба ҳамаи онҳо аз ҷониби  Хадамот тадбирҳои зарурӣ  андешида шуданд.

Аз тарафи  Хадамот, раёсату  намояндагиҳои он  ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 643 парвандаи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба  муассисаҳои тандурустиву фармасевтӣ, нуқтаҳои фурўши маводи ороишӣ-гигиенӣ, ки қонуншиканӣ намуданд, тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи  1 178 000 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат супорида шуд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта  инчунин ба муассисаҳои тандурустӣ, фармасевтӣ ва нуқтаҳои савдо, умуман дар ҷумҳурӣ 922  амрнома  пешниҳод гардидааст.

Соли 2016 аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 3734 номгўй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуданд, ки аз ин миқдор 949 номгўйро дорувории муҳлаташон гузашта ва 7 номгўйро дорувории ба таври қочоқ воридшуда ташкил медиҳанд. Аз муассисаҳои табобатӣ-профилактикӣ 1831 номгўй доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шуданд, ки аз инҳо 962 номгўй дорувории муҳлаташон гузашта мебошанд. Ҳамаи ин маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳузури комиссияи босалоҳият тибқи қоидаҳои мавҷуда нобуд карда шуданд.Умуман соли 2016 ба миқдори 11556 кг доруворӣ, молҳои  тиббӣ, маводи ороишӣ-гигиенӣ ва ғизои кўдаконаи муҳлаташон гузашта ва ба талабот номувофиқ боздошт ва нобуд карда шуданд. Дар Тоҷикистон маводи доруворӣ ба муҳлати  ҳар панҷ сол аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад. Айни замон  дар ҷумҳурӣ  4086 навъи дору аз қайд   гузаштааст.

«Ховар»: Барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хўрокворӣ, истеҳсол кардан, ба муомилот баровардани онҳо чӣ гуна ҷазо муқаррар гардидааст?

Маҳмадалӣ Давлатов: Дар  ин маврид дар   моддаи 121-и  Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  омадааст, ки барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани доруворӣ ва иловаҳои хўрокворӣ, истеҳсолу ба муомилот баровардани онҳо, истифода бурдани доруворӣ ва иловаҳои хўроквории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ё ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ, инчунин муҳлати истифодаашон гузашта ҳангоми набудани аломати ҷиноят, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашё ҷарима ва  мувофиқи моддаи 122 –и кодекси мазкур барои машғул шудан ба фаъолияти хусусии дорусозӣ аз тарафи шахсе, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима,  барои машғул шудан ба тибби халқӣ ва риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонун дар ин фаъолият, ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Дар мавриди дигар қонуншиканиҳо дар ин самт дар  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъйини ҷазо, маҳрум сохтан аз озодӣ  муқаррар гардидааст.

«Ховар»: Оё дуруст аст, ки  баъзе доруҳо таъсири манфӣ доранд?

Маҳмадалӣ Давлатов: Метавонад бошад. Ду сол мешавад, ки дар Хадамот шуъбаи назорати фармакологӣ амал мекунад. Вазифаи  асосии  шуъбаи мазкур санҷидани таъсири маводи доруворӣ, аз ҷумла таъсири манфии он аст. Имрўз дар тамоми беморхонаҳо дафтари қайд оид ба таъсири манфии доруворӣ амал мекунад ва табибон бояд ҳатман аз таъсири манфии он дар дафтари мазкур қайд гузошта, дар ин бора  ба Хадамот маълумот пешниҳод  намоянд. Хушбахтона, то ҳоло ягон маълумот аз хусуси таъсири манфии ин ё он доруворӣ ба мо пешниҳод нагардидааст. Соли 2016  4  шикояти шаҳрвандон дар бораи камтаъсирии маводи доруворӣ  ворид гардида буд, ки онро ба таври ройгон ташхис намуда, ба муроҷиаткунандагон ҷавоб ирсол намудем. Дар масъалаи таъсири доруворӣ омилҳои гуногун  вуҷуд доранд, ки яке аз онҳо, пеш аз ҳама, ба ташхиси беморӣ   вобаста аст. Аксаран доруворӣ ба шахси бемор бо маслиҳати табибон тавсия дода мешавад ва табиб истифодаи  онро барои бемор дар дорухат менависад. Он доруворие, ки бидуни дорухат харида мешавад, бояд ҳатман пеш аз истифода бо  дастурамалаш шинос шуд. Зеро яке аз шартҳои муолиҷа сари вақт ва дуруст истеъмол намудани миқдори дору аст.

 

Мусоҳиб Рухсораи НУР

Февраль 6, 2017 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад