Пулод Зеваршоев: «Шахси соҳибкасб барои дарёфти кор ва муваффақ шудан дар ҷои нав имконияти бештар дорад»

Февраль 14, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба танзими масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ВМКБ  бо сардори  Муассисаи давлатии  «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ВМКБ  Пулод Зеваршоев суҳбат намуд.

 

«Ховар»: Дар айни замон аз ВМКБ беш аз 30 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд. Лутфан мегуфтед, ки ҳимояи  манфиати онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

Пулод Зеваршоев: Муҳоҷират  яке аз самтҳои  асосии даромади иқтисодии қариб кулли кишварҳои  ҷаҳон мансуб шуда,  Тоҷикистон  аз  он истисно нест. Аммо давлат дар баробари ҳавасманд будан дар ҳимояи ҳуқуқ ва шаъну шарафи  шаҳрвандонаш, худро  масъул мешуморад ва бо ин мақсад дар баробари сохторҳои  ҳифзи ҳуқуқ ниҳодҳоеро таъсис додааст, ки расидагӣ ба мушкилоти  муҳоҷирон вазифаи асосии онҳо муайян шудааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи муқовимат ба савдои одамон  ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» намояндагиҳои дипломатӣ  ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи қонунгузории кишварҳои ҷойгиршавии онҳо ошкор кардан ва ҳифзи ҳуқуқ ва  манфиатҳои  шаҳрвандони  Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳуқуқҳояшон  поймол шудааст ва қурбониёни савдои одамон шудаанд, амалӣ менамоянд.

Масалан, дар соли 2016 бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия бештар аз 40 миллион рубл қарздорӣ ба муҳоҷирон  баргардонида шуд.  Ин қарздорӣ аз ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ рўёнида шуда, нишон медиҳад, ки ҳимояи манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ дар маркази сиёсати давлати Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин бо  мусоидати  Намояндагӣ ба зиёда аз 270 нафар, ки  ғайриқонунӣ  боздошт ва ё депортатсия шуданд, кмаки ҳуқуқӣ  расонида  шуда, ҳуқуқҳояшон барқарор  шуд. Байни онҳое, ки  аз  боздоштгоҳи  муваққатӣ озод ва ё ҳуқуқҳояшон барои кор  дар  кишвари  қабулкунанда таъмин гардид, чор  нафар зодагони ВМКБ буданд.

Мо  ҳангоми сафар ба муҳоҷирони меҳнатӣ мефаҳмонем, ки ҳар гуна кор ё хизмате, ки  аз ҷониби одам бар хилофи  иродаи ў ё бо  таҳдиди ҷазо иҷро  мешавад,  меҳнати маҷбурӣ номида мешавад.

Бояд гуфт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳуқуқҳояшон ба шаҳрвандони кишвари  буду бош баробар  мебошанд.

Корфармо  ҳуқуқ  надорад,  ки  бо ҳадафи  маҷбур  кардани коргар  ба  меҳнат ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи шахсият, иҷозатномаи махсус  (литсензия) барои  кор ё ҳуҷҷатҳои сафариро кашида гирад. Агар  муҳоҷир ҳуҷҷат ҳам надошта бошад, ў барои муроҷиат намудан ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, инчунин талаб намудани  ҷуброни зиёни  расонда  ҳуқуқ дорад.

Ҳар як инсон сазовори шароити  хуби меҳнат буда, ҳар коргар ба  бастани шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқ дорад. Бо мақсади роҳ надодан ба меҳнати маҷбурӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои коргар, музди меҳнати  ў, соатҳои корӣ, далелҳои асоснок барои қатъ кардани шартнома ва масъалаҳои дигар бояд дар шартнома ба таври равшан  ва дақиқ нишон дода  шаванд.

«Ховар»: Ҳодисаҳои бепул кор  фармудани муҳоҷирони меҳнатӣ, бахусус мардон дар соҳаи сохтмон  дар кишварҳои буду бош зиёданд. Маркази Шумо  барои  ҷилавгирӣ аз чунин  ҳодисаҳо чӣ  гуна  мусоидат  менамояд?

Пулод Зеваршоев: Бепул кор фармудан, маҳдуд намудани озодии ҳаракат ва робита бо хешовандону наздикон дар қонунгузорӣ ҳамчун истисмори одам ва  хариду фурӯши одамон тасниф мешавад.

Мо ба афроде, ки ба муҳоҷират мераванд, тавсия медиҳем, ки  сараввал дар маҳалли истиқоматашон  соҳиби касбу кор шаванд, зеро шахси соҳибкасб барои корёб ва муваффақ шудан дар ҷои нав имконияти бештар дорад. Дар  марказҳои таълимӣ барои калонсолони Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Шуғнон ва Донишгоҳи  Осиёи Марказӣ барои омўзиши касбҳои  муҳосибӣ,  сохтмончӣ, пазандагӣ ва дўзандагӣ шароит мавҷуд аст.  Нафаре,  ки  таваккалан ва бе омодагии касбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ  меравад, ба  мушкилот дучор  мешавад. Масалан, ҳодисае рух дод, ки 26  нафар муҳоҷири меҳнатӣ бо даъвати  ширкат ва  ба  таври гурӯҳӣ ба  минтақаи  Владикавкази  Россия  бурда шуда, пас аз чанд  моҳи  кор  бо  изҳори норизоият ба кори дигар рафтанд. Муҳоҷирон  ширкатро барои   иҷро накардани шартҳои қарордоди меҳнатӣ гунаҳкор  намуданд, вале  ширкати сохтмонӣ иддао дорад, ки аксари муҳоҷирони корӣ соҳиби  ягон касб набуданд ва аз уҳдаи кор набаромаданд. Ширкат  маҷбур шуд, ки аз  хизмати онҳо даст кашад.

«Ховар»: Сокинони вилоят бештар ба кадом давлатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд?

Пулод Зеваршоев: Муҳоҷирони меҳнатӣ аз ВМКБ бештар  ба  Федератсияи  Россия ва  Қазоқистон  сафар мекунанд.  Мо ҳангоми мулоқот ба муҳоҷирон маслиҳат медиҳем, ки  забони кишвареро, ки ба он сафар мекунанд, ба дараҷаи муошират  донанду дар бораи таърих ва фарҳанги он каме ҳам бошад, тасаввурот дошта бошанд. Таъкид мекунем, ки шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои  тасдиқкунандаи  шахсияташонро ба  одамони бегона  надиҳанд. Ба муҳоҷир мефаҳмонем, ки дар тўли 3 рўзи  ворид  шудан ба  ҳудуди Федератсияи Россия худро  дар қайди  муваққатии  мақомот гузорад ва дар давоми 90 рўз кўшиш  намояд, ки кор ёбаду патент гирад. Ҳангоми ба кор  даромадан аз корфармо шартномаи меҳнатӣ талаб намуда, дар он  тамоми ҳолатҳои  ворид шудан ва хориҷ шудан аз кор, ҳамчунин тарз  ва андозаи  пардохти  музди меҳнат ва соатҳои  рўзи  кориро  дақиқан  нишон диҳад.

«Ховар»: Шумо имрӯз вазъи  ҳуқуқии  муҳоҷирони меҳнатиро  чӣ  гуна  арзёбӣ  мекунед?

Пулод Зеваршоев: Пешгирии ҳодисаҳои поймолкунии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва истисмори меҳнатӣ тавассути истифодаи чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тавонбахшӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ мешавад ва маркази машваратии мо дар доираи  салоҳияти худ байни муҳоҷирони меҳнатие, ки  ба сафар  мебароянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар натиҷаи  амалӣ шудани маҷмӯи чорабиниҳои сохторҳои  гуногуни  кишварамон дар ҳамкорӣ бо  ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва манфиати муҳоҷирони меҳнатӣ беҳтар гардида, манфиати онҳо аз ҷониби давлат ҳимоя  мешавад.

Лайло ТОҲИРӢ

 

Февраль 14, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад