15 март — Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо. Агар ҳуқуқатро донӣ, дар зиндагӣ дарнамемонӣ!

Март 15, 2017 08:23

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳаёти рӯзмарра ҳамаи мо истеъмолкунанда мебошем ва барои эҳтиёҷи маъмулӣ ғизо ва дигар молу ашё мехарем. Ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки моли гирифтаамон нуқсдор мебарояд ё чизе, ки харидем, пас аз чанде  писандамон намеояд. Дар чунин маврид аксарият чӣ тавр дуруст рафтор карданро намедонанд. Сабаби асосӣ надонистани ҳуқуқҳои худ ҳамчун истеъмолкунанда ва дар натиҷа ҳимоя карда натавонистани манфиатҳоямон аст.

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  хабарнигори АМИТ «Ховар» ба корманди масъули Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Таманно Раҳимзода муроҷиат намуд, то  паҳлӯҳои гуногуни ин масъалаи муҳимро тавзеҳ диҳад.

«Ховар»: Таманно, дар оғози суҳбатамон аз таърихи пайдоиши Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегуфтед, хеле хуб мешуд.

Т. Раҳимзода: Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳар сол дар рӯзи солгарди суханронии собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Кеннедӣ дар Конгресси Амрико, ки  соли 1961 зикр гардида буд, таҷлил мегардад.  Зеро Ҷон Кеннедӣ нахустин маротиба дар сатҳи давлатӣ чор ҳуқуқи асосии истеъмолкунандаҳо- ҳуқуқ ба бехатарӣ, ҳуқуқ ба маълумот, ҳуқуқ ба интихоб ва ҳуқуқи шунида шуданро баён кард. Баъдтар дар Амрико  ба «Қонун дар бораи ҳуқуқҳо» боз чор банд- ҳуқуқ ба ҷуброни зиён, ҳуқуқ ба маърифати истеъмолгарӣ, ҳуқуқ ба қонеъсозии эҳтиёҷоти аввалия ва ҳуқуқ ба муҳити солими атроф зам гардид.

Мафҳуми имрӯз маъмулшудаи «ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз эътирози шаҳрвандони Массачусетси Амрико нисбат ба фурӯшандагони ғизои таркибаш вайронгашта соли 1775 сарчашма гирифтааст. Дар Амрико минбаъд ба масъалаи  ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, тақвияти заминаи ҳуқуқии он диққат ҷиддӣ доданд ва он боис шуд, ки дар соли 1890 дар ин кишвар қонуни зиддиинҳисории Шерман қабул гардад.

Тибқи Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ аз соли 1985 инҷониб ҳар сол 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, ин сана аз  соли 2011 инҷониб таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон низ  дар ин рӯз чорабиниҳои зиёд гузаронида мешаванд, ки онҳо ба тарғиби ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон нигаронида шудаанд.

«Ховар»: Ҳадафи асосии таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз чӣ иборат аст?

Т. Раҳимзода: Таҷлили ин сана дар Тоҷикистон ба тарғиби  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани салиқа ва раванди маҳсулот ва молинтихобкунии шаҳрвандон марбут аст, то ки онҳо зимни  харидории молу маҳсулот аз ҳуқуқҳои худ ҳамчун харидор, дар сурати нуқсдор баромадани маҳсулот дифоъ карда тавонанд.

«Ховар»:  Доир ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишвар чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Т. Раҳимзода: Нисбат ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Ҳанӯз 15 майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул гардида буд.   Сипас, Қонуни мазкур дар таҳрири нав 9 декабри соли 2004 мавриди амал гашт, ки он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад. Соли гузашта бо ворид намудани тағйироту иловаҳои нав ба қонун он мукаммалтар гардид.

Ба касе пӯшида нест, ки дар кишварамон бисёр одамон то ҳол ҳуқуқҳои худро ҳамчун истеъмолкунанда намедонанд. Ҳамин дониши казоии ҳуқуқӣ надоштан боис мешавад, ки онҳо дар мағозаю марказҳои савдо, бозорҳо ҳангоми харид фиреб хӯранд. Ҳадафи қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии  қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда ва фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад. Ва яке аз вазифаҳои асосии кормандони Хадамоти зиддииинҳисорӣ ба аҳолӣ фаҳмондани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон аст.

«Ховар»: Оё метавон мушаххас гуфт, ки мувофиқи ин қонун  истеъмолкунандаҳо аз кадом ҳуқуқҳо бархӯрдоранд?

Т. Раҳимзода: Тибқи  ин қонун  истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ),  бехатарии  мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол,  изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.

Як мисол меорам. Тибқи моддаи 20-и қонун нуқсонҳои ошкоршудаи моли харидаро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) бояд бетаъхир бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартарафсозии нуқсонҳо 14 рӯзи корӣ пас аз бартарафсозии нуқсро талаб кардани истеъмолкунанда мебошад.

Дар сурати нуқсдор будани моли муҳлати истифодааш тӯлонӣ истеҳсолкунанда (фурӯшанда) вазифадор аст, ки дар давраи таъмири он айнан чунин молро дар муҳлати се рӯз ройгон ба истеъмолкунанда пешниҳод кунад ва онро аз ҳисоби худ ба вай расонад. Чунин ҳолатҳои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо дар қонун хеле зиёданд ва онҳоро донистан танҳо ба манфиат аст.

«Ховар»: Мисоли ҷолибу муфид овардед. Ва воқеан дуруст қайд кардед, ки на ҳама аз ҳуқуқҳои худ воқифанд. Дар мавридҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаҳо нақз мешаванд, оё онҳо аз Хадамоти зииддинҳисорӣ имкони гирифтани кумак ё маслиҳатро доранд?

Т. Раҳимзода: Бешубҳа. Зеро ин вазифаи бевоситаи мост. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» муқаррар намудааст, ки дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд ва онҳо шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ карда, дар ҳалли мушкилоти пешомада маслиҳати ҳуқуқӣ дода, кумаки амалӣ мерасонанд.

Дар ин самт Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 56 Маркази машваратӣ ташкил кардааст. Танҳо дар соли 2016 ба марказҳо наздик ба 500  муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ, аз он ҷумла, дар вилояти Хатлон- 160, вилояти Суғд — 279, шаҳри Душанбе  60  муроҷиат ба қайд гирифта шудааст. Муроҷиати истеъмолкунандагон асосан масъалаҳои хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ, вазъи роҳҳои автомобилгард, хизматрасонии коммуналӣ, фурӯши мол, кору хизматрасониро дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳо дар бар мегирад. Ба ҳама муроҷиат кормандони мо ҷавоби мушаххас гардонда, дар ҳалли мушкилоти бамиёномада мусоидат карданд.

«Ховар»: Хеле хуб мешавад, ки аз корҳои анҷомдода  мисолҳои мушаххас оред.

Т. Раҳимзода: Чунин мисолҳо хеле бисёранд. Инак, ба қавле муште аз хирвор. Сокини шаҳри Душанбе Т. И. ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба нуқсондор будани тирезаҳои пластикии харидааш муроҷиат намуд. Ариза мавриди баррасӣ  қарор гирифт. Дар натиҷа, далели оварда тасдиқи худро ёфт ва маблағи 1558 сомонӣ аз ҷониби ширкати масъул ба харидор баргардонида шуд. Дар муроҷиати шифоҳии шаҳрванд А.О. сухан аз иваз кардани гаҳвораи чӯбине мерафт, ки бо арзиши 600 сомонӣ аз бозори «Корвон» харидорӣ шудааст. Чун талаби харидор қонунӣ буд, бо дахолати кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ гаҳвораи нуқсондорро фурушанда ба наваш иваз кард.

«Ховар»: Соли равон Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар кадом сатҳ таҷлил мегардад?

Т. Раҳимзода: Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки тибқи он вохӯрӣ, суҳбат ва ҳамоишҳо бо хонандагону донишҷӯён, истеъмолкунандагон ва соҳибкорон гузаронида мешаванд. Инчунин  сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар торафт баланд мегардад, зеро корҳои тарғиботие, ки кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои марбута мебаранд, натиҷаи самаранок дода  истодаанд. Дониш қуфлкушои ҳама дарҳост, аз ин рӯ маърифати ҳуқуқӣ ба истеъмолкунандагон ба ҳамин сифат хизмат хоҳад кард. Ба ҳар ҳол, истеъмолкунандаҳо дар сурати зарурат метавонанд ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Марказҳои машваратӣ ва телефонӣ боварӣ муроҷиат кунанд. Мо ҳамеша омодаи кумак ва додани маслиҳатҳо ба истеъмолкунандагонем.

                                                      Марзия САИДЗОДА

Март 15, 2017 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад