Абдусаттор Саидов: «Гирифтани ҷоиза ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти баланд аст»

Март 13, 2017 15:10

ДУШАНБЕ, 13.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов бо Ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар соҳаи «Илм ва технология» сарфароз гардид. Маросими ҷоизасупорӣ 1 марти соли 2017 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон зимни ҷаласаи 13-уми роҳбарони олимақоми даҳ кишвари аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ баргузор шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Шуморо аз номи ҳайати кормандони АМИТ «Ховар» барои гирифтани ин ҷоизаи бонуфуз табрик менамоем. Мегуфтед, ки ин чӣ гуна ҷоиза аст ва ба олимон барои кадом дастовардҳояшон дода мешавад?

Абдусаттор Саидов: Созмони ҳамкории иқтисодӣ ниҳоди муътабари минтақавию байнидавлатии иқтисодӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои он мебошад. Ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба олимоне дода мешавад, ки дар соҳаи иқтисодиёт, таърих, фарҳанг, адабиёт ва санъати тасвирӣ, маориф, илм ва технология, кишоварзӣ ва муҳити зист таҳқиқоти барҷаста анҷом додаанд. Бартарият дар соҳаҳои номбаршуда ба олимону муҳаққиқоне дода мешавад, ки онҳо тадқиқот бурдаанд, пажӯҳиш гузаронидаанд ва ин барои рушди ҳамкории давлатҳои  аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ба ман муяссар гардид, ки Ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодиро дар соҳаи «Илм ва технология» ба даст биорам. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз олимони зиёд ин ҷоизаро сазовор гардидаанд. Масалан бори охир соли 2012 Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи ин ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи «Илм ва технология» гардид.

АМИТ «Ховар»: Он маводе, ки Шумо ба озмун пешниҳод кардед, кадом мавзӯъро дарбар мегирифт?

Абдусаттор Саидов: Ҳамасола аз тарафи котиботи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ миёни олимони кишварҳои аъзо озмун эълон мегардад ва олимону муҳаққиқоне, ки хоҳиши иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод менамоянд. Ман соли 2013 барои иштирок дар озмун монографияи илмии худро, ки дар бораи паҳншавии хояндагон, нақши онҳо дар экосистемаи табиӣ, хусусиятҳои экологӣ, аз ҷумла ғизогирӣ, афзоиш, аҳамияти ҳар як намуд дар табиат, алоқаҳои ғизоии ин ё он намуди хояндагон, яъне муш, калламуш, суғур ва дигар гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон хеле васеъ паҳн шудаанд, пешниҳод намудам. Бояд зикр намуд, ки хояндагон дар тамоми дунё яке аз паҳнкунандагони асосии касалиҳои хавфноки инсон ва ҳайвон, аз ҷумла вабо ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин давлате нест, ки дар он аҳамияти эпидемиологии хояндагон мавриди омӯзиш қарор нагирифта бошад. Дар монографияе, ки ман таълиф намудам, ҳамин масъалаҳо дарҷ гардидаанд. Таъсири худи инсон, фаъолияти хоҷагидории ӯ, ки муҳити зисти ҳайвонотро дигар мекунад ва онро фаъолияти антропогинӣ мегӯянд, низ дар монография дарҷ гардидааст. Яъне инсон чӣ гуна метавонад дар натиҷаи дигар шудани симои экосистемаи табиӣ ба популятсияи ҷанбаҳои ҳайвонот дар мисоли хояндагон таъсир расонад. Як қисмати дигари монография ба зоогеография вобаста ба пайдоиши генесизи фаунаи хояндагон вобастагӣ дорад, яъне ватани пайдоишашон куҷост ва чӣ гуна ба фаунаи мо ворид шудаанд. Кадом намудҳое ҳастанд, ки пайдоишашон ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Фарқияти намудҳои хояндагони мо аз дигар намудҳои Осиёи Марказӣ дар чӣ аст ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд.

АМИТ «Ховар»: Шумо дар мавриди рисолати олим дар замони имрӯза  чӣ гуфта метавонед?

Абдусаттор Саидов: Олим бояд ҳамеша дар омӯзиш бошад, бештар заҳмат кашад ва мунтазам таҳқиқот барад. Илм фориғболиро намеписандад. Олим мисли варзишгар аст, агар ҳама вақт дар машқу тамрин набошад, ҳеҷ гоҳ ба натиҷаи назаррас ноил намегардад. Як рӯз агар камтар мутолиа кунед, маҳсули илмиатон кам шуда, оҳиста-оҳиста аз доираи илмӣ берун мешавед. Олим танҳо дар сурате ба муваффақият ноил мегардад, ки агар бо мақолаву асарҳои илмии худ дар хориҷи кишвар ӯро шиносанд ва эътироф кунанд. Гирифтани ҷоиза барои ман аз як тараф ифтихор бошад, аз тарафи дигар масъулияти баланд аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ олимону муҳаққиқони тоҷик бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Сарвари давлат ихтироот ва кашфиёти  назаррасро махсусан дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ба даст оварданд. Соҳаи илм ва маориф аз тарафи Пешвои миллат ҳамчун самти калидии сиёсати давлатии мо муайян гардидааст. Мо олимон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Роҳбари давлат ҳамеша дастгирии ҳаматарафаро эҳсос мекунем. Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар сол дар арафаи иди Наврӯз Президенти кишвар бо аҳли зиё мулоқот мекунанд. Дар ин мулоқот бисёр масъалаҳо муҳокима  мешаванд. Олимон ба таври ошкоро масъалагузорӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби Пешвои миллат сари вақт дастгирӣ меёбанд. Маблағгузорӣ ҳам дар соҳаи илм беҳтар шудааст. Соли 2016 ҳаҷми умумии маблағгузорӣ барои соҳаи илм 81 млн. сомониро ташкил дод, ки зиёда аз 37 млн. сомонии он ба Академияи илмҳои ҶТ ҷудо карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Дар замони пешрафти илму технология олимони соҳаи биология имрӯз чӣ мушкилот доранд?   

Абдусаттор Саидов: Илми ҳозиразамон- илми пешқадам дар сурате ба илми ҷаҳонӣ рақобатпазир мегардад, ки агар заминаи мустаҳками илмӣ дошта бошад. Имрӯз заминаи моддию техникии аксар институтҳои илмӣ-тадқиқотии мо ниёз ба навгонӣ доранд. Барои дар соҳаи биология як таҳқиқоти хеле ҷиддиро анҷом додан, агар озмоишгоҳҳои ҳозиразамон, микроскопи электронӣ   ё ин ки асбобҳои дақиқу саҳеҳи илмӣ надошта бошӣ, он гоҳ натиҷаҳо дар миқёси байналмилалӣ эътироф намегарданд. Баъзан ба мақолаҳое, ки мо дар маҷаллаҳои хориҷӣ барои чоп ирсол мекунем, аз ҷониби ҳайати таҳририя эрод гирифта мешавад, ки ин маълумот бо асбобу таҷҳизоти ҳозиразамон ба даст оварда нашудаанд. Яъне парки таҷҳизоти илмӣ имрӯз ба навгонӣ ниёз дорад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки имрӯз мо бояд ба ҷалби ҷавонон ба  илм, махсусан дар бахшҳои илмҳои дақиқ ва нанотехнология аҳамияти хосса зоҳир кунем. Инчунин Пешвои милат супориш доданд, ки дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як мактаби зеҳнӣ таъсис дода шавад. Ва имрӯз мо бо роҳбарияти Академияи илмҳо таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта истодаем. Маълум аст, ки равияи асосии ин марказ илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ аст. Омӯхтани дигар илҳо ҳам хеле муҳим аст, лекин талаботи замон ҳамин аст. Тамоми давлатҳои пешқадаме, ки имрӯз дар сафи пеш қарор доранд, ба технология рӯ овардаанд. Ба ақидаи ман то мо ба коркарди технологияи навин ва татбиқи он машғул нашавем, давлатамон пеш намеравад. Сиёсате, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, ин  дар оянда аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад, ки он аз мо талаб менамояд дар соҳаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои навин мутахассисони баландихтисос  омода намоем.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»

Абдусаттор Саидов соли 1961 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, доктори илмҳои биология. Соли 1978 ба шуъбаи биология ва химияи факултаи табиатшиносӣ ва географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил гардида, соли 1983 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии ӯ  омӯзиши фауна ва экологияи хояндагон, масъалаҳои ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои ҳайвоноти ширхӯри Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Номбурда бо мақсади омӯзиши ҳаматарафаи хояндагон ва ҳайвоноти ширхӯри Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар экспедитсияҳои зиёди илмӣ ташкил намуда, оид ба ҳайвоноти ширхӯри Тоҷикистон маводи илмӣ ҷамъ овардааст. Соли 2000 дар Шӯрои диссертатсионии Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ дар мавзӯи «Хояндагони Тоҷикистони Ҷанубӣ-Ғарбӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. А. Саидов соли 2012 дар Шӯрои муттаҳидаи диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паҳншавӣ, систематика, экология ва аҳамияти амалии хояндагони Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.

Номбурда муаллифи 3 монографияи илмӣ, 90 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмӣ-оммавӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашр гардидаанд. А. Саидов яке аз тарғибгарони фаъоли донишҳои экологӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвоноти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди илми зоология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дипломи олимони ҷавони Академияи илмҳои ҶТ,   ифтихорномаи Академияи илмҳои ҶТ ва медали 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

Саидов-1 (9) Саидов-1 (1)

 

Март 13, 2017 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад