Дар ноҳияи Деваштич озмуни «Маликаи наврӯзӣ» доир гашт

Март 10, 2017 16:57

ХУҶАНД, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба Наврӯзи байналмилалӣ дирӯз бо ташаббуси шуъбаи маъориф ва Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия дар доираи нақшаи чорабиниҳои наврӯзӣ ҷамъомади идона таҳти унвони «Маликаи наврӯзӣ» баргузор шуд. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъулин аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур, ки ҳадафи он тарбияи ҷавондухтарон  дар рӯҳияи зебопарастӣ, ахлоқи ҳамида, ҳидояти насли наврас ба ҷодаи эҷодкориву созандагӣ ба ҳисоб мерафт, ҳафт нафар духтарон-муҳассилини муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи панҷ шарт-оростани дастархони наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, намоиши либоси миллӣ, аз ҷумла либоси «Маликаи Наврӯз», санҷиши зиракии зеҳнӣ, саволу ҷавоб оид ба суннатҳо ва анъанаҳои наврӯзӣ  қувваозмоӣ намуданд.

Озмун дар сатҳи хуби ташкилӣ доир гардида, ғолибон ва иштирокдорони фаъоли озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Март 10, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд