26 май-Рӯзи адвокатҳо. Дар зимни фаъолияти ҳар як адвокат тақдири шаҳрвандон қарор дорад, ки адолати судиро ба онҳо Конститутсияи Тоҷикистон кафолат додааст

Май 26, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол дар мамлакат 26 май ҳамчун Рӯзи адвокатҳо ҷашн гирифта мешавад.  

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  4 ноябри соли 1995 Қонун «Дар бораи адвокатура» қабул гардида буд, ки он дар шароити мураккаби сиёсӣ,   бо як қатор номуайяниҳо, бе назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта қабул шуда буд. Соли 2015 дар Тоҷикистон қонуни нав «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» мавриди амал қарор дода шуд, ки аз ҷониби коршиносони соҳа ҳамчун таҳаввулоти ҷиддӣ дар фаъолияти адвокатӣ баҳогузорӣ шудааст.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Рӯзи адвокатҳои ҷумҳурӣ бо мақсади муайян кардани бартариҳои қонуни нав ва ҷараёни татбиқи он дар амал бо Ботуралӣ Акрамов, мудири шуъбаи адвокатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳиба баргузор кард.

АМИТ «Ховар»: Оид ба сабаб ва заминаҳои қабул шудани Қонуни нав «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки аз соли 2015 мавриди амал қарор дорад, мулоҳизаҳои худро изҳор мекардед.

Б.Акрамов: Моддаи 92 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон расонидани ёрии ҳуқуқиро дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода, таъкид кардааст, ки «тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад». Чунин қонун бо номи «Дар бораи адвокатура» баъд аз қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1995 қабул гардида буд. Қонуни мазкур якчанд камбудиҳои ҷиддӣ дошт. Чунончӣ, қонун масъулияти молии адвокатро дар назди ваколатдиҳанда дар сурати мувофиқи талаб иҷро накардани уҳдадориҳои касбиаш пешбинӣ накарда буд. Дар қонунгузорӣ номгӯи вазифаҳо оид ба тахассуси ҳуқуқшиносӣ, ки барои ба ҳисоб гирифтани собиқаи корӣ ҳангоми ба фаъолияти адвокатӣ машғул шудан зарур мебошад, пешбинӣ нагардида буд. Низоми ягонаи баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси адвокатҳо вуҷуд надошт. Механизми назорат аз болои сифати ёрии ҳуқуқии аз ҷониби аъзои коллегия ва адвокатҳои ваколатдор расонидашуда пешбинӣ нагардида буд.

Зиёда аз ин аз давраи Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷумҳурӣ ду коллегияи мустақили адвокатҳо, яке Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки марказаш шаҳри Душанбе буд ва дигаре Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд, ки марказаш шаҳри Хуҷанд буд, амал мекарданд ва коллегияи адвокатҳои минтақавӣ ба коллегияи адвокатҳои марказӣ итоат намекард.

Ҳамаи ин мақомот, яъне коллегияи адвокатҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фирмаҳои ҳуқуқӣ дар сурати набудани тартиби ягонаи қабули имтиҳонҳои касбӣ ва дарёфти тахассуси адвокатӣ шахсони дорандаи таҳсилоти ҳуқуқшиносиро ба кор қабул мекарданд ва тавассути додани ордер ба онҳо имкон фароҳам меоварданд, ки ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ваколатдор бошанд ва дар мурофиаҳои судӣ иштирок кунанд.

Ҳамин тавр адвокатура дар ҷумҳурӣ дар заминаи такмилнаёфтаи ҳуқуқӣ ва бе назардошти назария ва амалияи ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин соҳа амал мекард, ки ба шароити фаъолияти адвокатҳо ва сифати ёрии ҳуқуқии расонидаи онҳо таъсир расонида наметавонист. Қоидаҳои ягонаи одоби касбии адвокат вуҷуд надошт.

Дар маҷмӯъ қонунгузорӣ дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ба тағйироти сиёсӣ, иқтисодӣ, суръати рушди низоми ҳуқуқии мамлакат ҷавобгӯ набуд. Раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ талаб мекард, ки қонунгузорӣ дар ин соҳа ба талаботи замон мутобиқ гардонида шавад. Аз ин рӯ дар барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, қабули қонуни нав дар бораи адвокатура ва фаъолиятии адвокатӣ пешбинӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»: Оё ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави қонун таҷрибаи кишварҳои пешрафта, ки дар он кишварҳо мақому мартабаи адвокатҳо баланд аст, ба инобат гирифта шуда буд? Умуман дар ҷараёни таҳияи қонуни нав намояндагони кадом мақомот иштирок доштанд?

Б.Акрамов: Дар самти иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ташкил карда шуд. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагон аз ҷомеаҳои адвокатӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуданд. Ҳамчунин бо фармоиши алоҳидаи Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи корӣ иҷозат дода шуд, ки дигар коршиносон, аз ҷумла коршиносон аз давлатҳои хориҷӣ низ ҷалб карда шаванд. Тибқи ин фармоиш ба гурӯҳи корӣ коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла коршиносон аз «Барномаи минтақавии ҳамкории ҳуқуқии давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналхалқӣ, намояндагии Институти «Ҷамъияти Кушод» ва Ассотсиятсияи ҳуқуқшиносони америкоӣ ҷалб карда шуданд. Гурӯҳи корӣ таҷрибаи давлатҳои Россия, Украина ва Олмонро оид ба ин масъала омӯхт.

Ҳамин тавр лоиҳаи қонун дар таҳрири нав таҳия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» 18 марти соли 2015 қабул гардид.

АМИТ «Ховар»: Мувофиқи қонуни нав киҳо ҳуқуқи гирифтани  мақоми адвокатро доранд ва кадом шахсон наметавонанд адвокат бошанд?

Б. Акрамов: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тамоми норасоиҳои қонуни қаблиро ба ҳисоб гирифта, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои дигар ва талаботи имрӯзаи ҳаёт, бо мақсади бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, вусъат додани самтҳои гуногуни ёрии ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии адвокатҳо ва таъмини ташкили сохтори  ягонаи фаъолияти адвокатӣ  қабул карда шудааст. Аз ҷумла, дар қонуни нав шартҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ҳалли худро ёфтаанд. Тибқи Қонуни нав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дорад, забони давлатиро медонад, на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур гузаштааст, метавонад соҳиби мақоми адвокат гардад.

Ҳамчунин қонун муқаррар кардааст, ки шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошанд, аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокат, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои дорои хусусияти коррупсионӣ аз вазифа озод шуда бошанд, ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва машғул шудан ба фаъолияти адвокатиро надоранд.

Қонуни нав камбудии қонуни қаблиро ислоҳ намуда, мушаххас кардааст, ки ба собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат зарур аст, кор дар кадом мансабҳо дохил мешавад. Тибқи муқаррароти муайяннамудаи қонун ба ин намуди собиқаи корӣ кор дар мансабҳои зерин дохил мешавад:

  • ба сифати судя, прокурор ва муфаттиш;
  • мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
  • дар вазифаҳои хадамоти ҳуқуқии ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиаш, ки доштани таҳсилоти олии ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
  • дар вазифаҳои муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки доштани таҳсилоти ҳуқуқшиносиро талаб мекунанд;
  • ба сифати омӯзгори фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва пас аз таҳсилоти олии касбӣ;
  • ба сифати адвокат;
  • ба сифати ёрдамчии адвокат.

АМИТ «Ховар»: Қарор дар бораи додани мақоми адвокат аз тарафи Вазорати адлия қабул карда мешавад? Тартиби бақайдгирии адвокатҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Б.Акрамов: Қарор дар бораи додани мақоми адвокатро Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби шахси довталаб супоридани имтиҳони тахассусӣ барои соҳиб шудан ба мақоми адвокат қабул менамояд.

Ҳамчунин қонун тартиби ташкил ва фаъолияти комиссияи тахассусиро мушаххас муайян намудааст, ки дар қонуни қаблӣ ин меъёр ба танзим дароварда нашуда буд. Тибқи моддаи 13 қонун Комиссияи тахассусӣ барои ҳал намудани масъалаи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ намудани он, инчунин гузаронидани аттестатсияҳои адвокатҳо дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Комиссияи тахассусӣ аз 9 нафар иборат аст, ки аз онҳо ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як намоянда аз Иттиҳодияи ҷамъиятии «Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», як намояндаи дорои унвони илмии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешнишод карда мешавад ва панҷ нафар намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро анҷумани адвокатҳо интихоб менамоянд, иборат аст.

Тавре мебинем, намояндаи адвокатҳо дар ҳайати комиссия аксариятро ташкил медиҳанд. Зиёда аз он мувофиқи қонун агар раиси комиссия яке аз муовинони Вазири адлия пешбинӣ шуда бошад, муовини раиси комиссия аз ҳисоби намояндаи адвокатҳо пешбинӣ гардидааст.

Қонун ҳамчунин масъалаҳои тартиби иҷозат додани довталаб барои иштирок ба имтиҳони тахассусӣ, гузаронидани имтиҳони тахассусӣ ва додани мақоми адвокатро ба танзим даровардааст. Дар баробари он Қонун  «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» тартиби бақайдгирии адвокатҳоро ба танзим дароварда, барои ин мақсад пешбурди Феҳристи ягонаи адвокатҳо, ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Феҳристи махсуси адвокатҳои хориҷиро пешбинӣ менамояд. Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун баъди қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат Комиссияи тахассусӣ дар муҳлати се рӯз Вазорати адлияро  дар хусуси қабули ин қарор огоҳ месозад. Вазорати адлия давоми се рӯз маълумотро дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо ворид менамояд. Адвокат вазифадор аст аз рӯзи соҳиб шудан ба мақоми адвокат ё барқарор кардани мақоми адвокат дар муҳлати як моҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти минтақавии он дар бораи шакли ташкилии фаъолияти адвокатии интихобкардааш ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешниҳод намояд.

АМИТ «Ховар»: Оид ба Иттифоқи адвокатҳо ва шакли фаъолияти онҳо мувофиқи талаботи қонуни нав маълумот медодед.

Б.Акрамов: Иттифоқи адвокатҳо аз ҷониби анҷумани адвокатҳо ташкил шуда, он дорои мақомоти минтақавӣ мебошад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо воҳидҳои сохтории  Иттифоқи адвокатҳо буда, адвокатҳои дар як минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунандаро муттаҳид месозад. Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо  аз ҷониби Анҷумани адвокатҳо таъсис дода мешаванд. Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Адвокатура дар Тоҷикистон ниҳоди мустақил аст?

Б.Акрамов: Бале, адвокатура ниҳоди мустақил буда, Вазорати адлия ҳуқуқи маъмурӣ аз болои адвокатҳоро надорад. Анҷумани якуми Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 баргузор гардида, ин ташкилоти ягонаи мустақили касбӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 2015 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин тибқи моддаи 43 қонуни номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ташкил карда шуданд, ки бомуваффақият амал доранд.

Бо назардошти моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо қарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2015 «Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби пешбурди феҳристи махсуси адвокатҳои давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти адвокатиро амалӣ менамоянд» ва  «Тартиби пешбурди феҳристи ягонаи ташкилотҳои адвокатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд, ки ин феҳристҳо ҳоло дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешаванд. Ҳадаф аз қабул шудани қонуни нав баланд бардоштани обрӯву нуфузи адковатҳо мебошад, зеро дар пушти фаъолияти ҳар як адвокат тақдири шаҳрвандон қарор дорад, ки адолати судиро ба онҳо тавре зикр карда шуд, Конститутсияи мамлакат кафолат додааст.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло дар мамлакат чӣ қадар адвокатҳо барои фаъолияти касбӣ иҷозат гирифтаанд?

Б.Акрамов:  Тибқи қонун, дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Вазири адлия аз 22 майи соли 2015 Комиссияи тахассусӣ ташкил карда шуд, ки 62 маротиба ҷаласаҳо гузаронида, ҳуҷҷатҳои 796 довталабро мавриди санҷиш қарор додааст. Аз онҳо 612 нафар имтиҳони тахассусиро  супорида, соҳиби мақоми давлатӣ гардиданд. Ба 158 нафар бинобар насупоридани имтиҳони тахассусӣ мақоми адвокатӣ дода нашуд.

То ин дам дар ҷумҳурӣ ба 612 нафар шахсон мақоми адвокатӣ дода шудааст, ки аз онҳо 587 нафарашон бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд. Онҳо дар 103 кабинети адвокатӣ, 23 маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ, 15 коллегияҳои адвокатӣ фаъолият мебаранд.

Дар баробари ин қайд кардан лозим аст, ки то ин дам ягон бюрои адвокатӣ ташкил карда нашудааст. Боварӣ ҳаст, ки ин намуди фаъолияти адвокатӣ низ дар муддатҳои наздик фаъол хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат. Идатон муборак бошад!

Б. Акрамов: Саломат бошед!

                                                            

                                                             Барандаи суҳбат

                                                                  А.САНГЗОДА

 

 

 

Май 26, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад