Дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ доир шуд

Май 4, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» имрӯз дар «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ доир гардид. Намоиш — фурӯши мазкур бо ташаббуси Медиахолдинги «Оила», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар ташкил карда шуда, он бо мақсади тарғиби маҳсулоти хушсифати ватанӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова иброз дошт, ки ҳадафи асосии намоиш кумак ба ширкатҳои ватанӣ дар масъалаи дарёфт намудани мавқеи худ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.
«Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин корхонаҳои дорои технологияи замонавӣ бо истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир фаъолият намуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд»,- гуфт Манзура Рустамова .
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, ҳасибҳо, қаннодӣ, маҳсулоти консервшуда, шарбату нӯшокиҳо, асал, равғанҳои растанӣ, чой, намак, молҳо барои хона, таъмиру сохтмон, молҳои канселярӣ ба фурӯш бароварда шуда, ҳамчунин корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон ва шабакаҳои нуқтаҳои савдо маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Намоиш фурӯши мазкур 3 рӯз идома ёфта, 6 май дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ғолибони озмун бо ҷоизаи ифтихории «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» қадрдонӣ мегарданд.

DSC_0396+

Май 4, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ба маблағи 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардидааст
Вилояти Суғд бо ширкати «Инсян Групп»-и Чин оид ба истеҳсоли мошинҳо ҳамкорӣ менамояд
Дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ғуфрониён» ва «Сӯфизода»-и ноҳияи Мастчоҳ 40 фоизи пахта барои ҷамъоварӣ омода аст
Рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст
Имсол маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Данғара ба 1,7 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Душанбе конференсияи минтақавӣ оид ба ояндаи «сабз» дар бахши таъмини гармӣ доир гардид
«AQCA 2024». Дар Алмато Конфронси 3-юми Осиёи Марказӣ оид ба сифати ҳаво доир шуд
Дар Душанбе нахустин Форуми миллӣ оид ба рушди устувор тавассути инноватсия ва рақамишавӣ баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти беҳсозии иншооти роҳ тақвият меёбад
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канории иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ маъруза намуд
Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд масоили ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ дар самти маблағгузории савдо баррасӣ гардид