Хайру саховат дар моҳи шарифи Рамазон: дар Душанбе ронандаи микроавтобус омода аст, ки ду рӯз ба мусофирон ройгон хизмат расонад

Май 31, 2017 10:31

ДУШАНБЕ, 31.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Иқдоми нек!!  Бахшида ба моҳи шарифи Рамазон- роҳкиро ройгон» -чунин навишта шудааст дар пештоқи яке микроавтобусҳои рақами 33.

Тавре ронандаи микроавтобус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин иқдоми шахсии ӯст ва он ба  фарорасии моҳи шарифи Рамазон бахшида шудааст. Ронанда хоҳиш кард, ки номаш ифшо нашавад ва ба мусофирон муроҷиат кард, ки омода аст ду рӯз онҳоро ройгон  ба манзил расонад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чунин иқдомҳо аз аввали сол аз  ҷониби ронандагон дар шаҳри Душанбе чандин маротиба роҳандозӣ гардида буданд.

Хайру садақа аз ҷумлаи беҳтарин амалҳоест, ки рӯзадор дар моҳи шарифи Рамазон анҷом медиҳад. Садақа додан низ танҳо бо додани пулу мол маҳдуд намешавад. Он маънии васеъро дар бар мегирад. Чунончи, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин хусус таъкид намудаанд: «Табассуми ту ба рӯи бародари муъмин бароят садақа аст. Ба кори нек амр кардану аз кори бад боздоштани дигарон садақа аст. Шахси роҳгумзадаро роҳ нишон додан садақа аст. Дар муқобили шахси бадкор сабр намудан садақа аст. Санг, хорро аз сари роҳ дур кардан садақа аст. Рехтан (об, равған, сӯзишворӣ…) аз зарфи худ ба зарфи бародари муъминат садақа аст».

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз анҷом додани  корҳои хайру савоб сухан гуфтанд ва таъкид намуданд, ки  лутфу эҳсон ба наздикону атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон кумак кардан, худдорӣ намудан аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, забони пок, муомилаи хуб, ахлоқи нек ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки  риояву гиромидошти онҳо дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон шарт ва зарур дониста шудааст.

№33

 

 

Май 31, 2017 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад