ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд

Апрель 23, 2024 08:59

МУЪМИНОБОД, 23.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат дар ноҳияи Муъминобод ҳафтае як маротиба дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ вохӯрӣ доир мегардад. Инчунин солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ зиёд гардидааст. Дар ин самт низ раисони ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамоянд.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод Сабоҳат Мирзошарифзода иброз дошт, ки «яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ либоси миллӣ ба шумор меравад. Мояи сарфарозӣ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардида, моро водор месозад, ки дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом расонем. Президенти ҷумҳурӣ дар суханронӣ бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин таъкид намуданд, ки «занону модарони мо тарзи либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки ҳар кадоми он дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».

Воқеан ҳам либоси миллӣ — атласу адрас, гулбасту чакан, рӯймолбандии тоҷиконаи модарон, ба сар намудани тоқиҳои гулдӯзӣ аз ҷониби ҷавондухтарон чӣ қадар зебанда мебошад. Занону духтарон тарафдори либоси миллии тоҷикона буда, ҷавононро даъват менамоянд, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори бадхоҳону бадандешон, носипосону кӯрнамакони миллат нагарданд. «Ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод фарогири 16 294 нафар аҳолӣ, 20 кӯча ва 2269 хоҷагӣ мебошад. Дар ҷамоати шаҳраки Муъминобод гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, бо усули «Хона ба хона», «Маҳалла ба маҳалла» чорабиниҳои таблиғотӣ мегузаронанд, ки мақсади он иҷрои ҳидоятҳои ғамхорона ва созандаи Пешвои миллат, ки ба ободии ҳар хонадон нигаронида шудааст, мебошад»,-иброз дошт Сабоҳат Мирзошарифзода.

Мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Муъминобод Талабшо Шоев гуфт, ки «суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ, ки дар кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе 9 март баргузор гардид, сар то по аз панду ҳикмат иборат буда, фарогири сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат барои оянда ва ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ мебошад. Дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод 52 масҷид фаъолият дошта, аз ин шумора 3 масҷид ҷомеъ ва 49 масҷид панҷвақта буда, дар мазҳаби ҳанафӣ ва дар доираи низомнома амал менамоянд».

— Мо вобаста ба пешгирии ифротгароӣ, тарғиби фарҳанги бегона, камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросим мувофиқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди ҷамоати шаҳрак, деҳоти ноҳия бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши ҷавонон ва варзиш ва раисони ҷамоатҳо бо аҳли ҷамоат суҳбату вохӯриҳо мегузаронем, то ин ки қонуну қоидаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба тавсиб мерасанд, аз ҷониби аҳолӣ дуруст риоя шаванд, — гуфт Талабшо Шоев.

Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҳамаи ҳидоятҳо ва супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кор намуда, дастуру супоришҳоеро, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд, дар ноҳия амалӣ менамояд.

Сархатиби ноҳияи Муъминобод Мирзошариф Мираков дар суҳбат гуфт, ки «яке аз масъалаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ин даъват ба хондану илм омӯхтани ҷавонон ва мазаммати хурофот буд. Хурофотпарастӣ аз бесаводӣ зуҳур намуда, метавонад ҷавонони ноогоҳро пайраву тарафдори гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ гардонад. Аз ин лиҳоз мо ҳамеша рӯзҳои ҷумъа дар суҳбатҳоямон ва дигар ҷамъомадҳо ҷавононро ба илмомӯзӣ ва китобхонӣ даъват менамоем. Мо минбаъд кӯшиш менамоем, ки бо ҷавонону наврасон вохӯриҳои зиёд дошта бошем, то тавонем онҳоро дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоем ва ҳисси миллии онҳоро қавӣ гардонем. Мо шукр аз он мекунем, ки Худованд моро чунин Роҳбари ғамхору меҳрубон ато намудааст ва аз сиёсати имрӯзаи давлат пуштибонӣ менамоем».

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2024 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 241 Ассосиатсияи истифодабарандагони об фаъолият менамоянд
СЕ МЕДАЛИ ТИЛЛО. Занони тоҷик дар 17-умин Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2024» ба ин дастовард ноил гардиданд
Кумитаи кор бо занон ва оила бо усули «Деҳа ба деҳа», «Маҳал ба маҳал» ва «Хона ба хона» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ мегузаронад
Имсол дар 36065 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Агентии хизмати давлатӣ: «Қисми зиёди камбудиҳои ошкоршуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бартараф гардиданд»
Маркази миллии қонунгузорӣ: «Дар шаш моҳи соли равон 9 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуд»
Дар Тоҷикистон дар 3 соли охир 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 879 майдончаи варзишӣ бунёд карда шудааст
АЛОМАТҲОИ ОФТОБЗАНӢ КАДОМҲОЯНД? Мутахассисони соҳаи тиб ба ин суол посух доданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии нозироти минтақавии ШВКД-1 ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Ҳисор доир ба нақши занон дар рушди ҷомеа ҳамоиш доир гардид
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 31 июл боқӣ мемонад