«Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» дар Тоҷикистон: мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯён тахфифҳои махсус пешниҳод менамоянд

Май 15, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз, 15 май  дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Рӯзҳои маорифи Қазоқистон» баргузор гардид.

Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад,  дар намоишгоҳ беш аз 15 донишгоҳи бонуфузи Қазоқистон ба хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонӣ, хонандагон ва донишҷӯёни тоҷик дар бораи мактабҳои олии худ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматулло  Мирбобоев иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар соҳаи маориф ҳамкории зич дорад. «Мо  таҷрибаи Қазоқистонро дар соҳаи маориф мавриди итифода қарор додаем. Инчунин мо омӯзгорон ва кормандони вазоратро барои таҷрибаандӯзӣ ба Қазоқистон доим  сафарбар менамоем ва онҳо таҷрибаи андӯхтаи худро баҳри пешбурди соҳаи маориф   истифода мебаранд.   Бояд гуфт, ки мо таҷрибаи стипендияи президентии қазоқҳоро  омӯхта,  стипендияи  президентии  «Дурахшандагон»-ро  барои донишҷӯёни тоҷики дар хориҷа таҳсилкунанда таъсис додем. Ин барои мо таҷрибаи хуб буд.  Хурсандиовар аст, ки дар Қазоқистон барои шаҳрвандони  тоҷик стипендия ва квотаҳо барои таҳсил ҷудо карда мешаванд. Ин квотаҳо барои касбу соҳаҳое, ки ҳанӯз дар мактабҳои олии Тоҷикистон роҳандозӣ нашудаанд, хеле зарур ва саривақтианд. Намоишгоҳи имрӯза  имкон медиҳад, ки мо  ҳамкории мутақобилан судмандро боз ҳам бештар ба роҳ монем. Умедворам, ки  ҷавонони мо дар Қазоқистон таҳсил карда,  таҷрибаи ин кишварро пас аз хатм дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд»,-илова намуд муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ноиби президенти Ҷамъияти саҳомии  «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Торебекова зикр намуд, ки  имрӯз 17 мактаби олӣ ба маърази шаҳрвандони Тоҷикистон як қатор ихтисосҳоро пешниҳод намуданд. «Мебинем, ки ҷавонон ба ин намоишгоҳ таваҷҷуҳ доранд ва  аллакай аз субҳ ҷамъ омадаанд. Фикр мекунам,  ки имрӯз ғайр аз ҷалби ҷавонон ба мактабҳои олии Қазоқистон,  инчунин байни донишгоҳҳо созишномаҳо ва дигар ҳамкории судманд  ба имзо расонида мешаванд»,-афзуд Зулфия Торебекова.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов  баён дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми мамлакат барои таҳсили донишҷӯён дар хориҷа барномаҳои зиёдро тарҳрезӣ намудаанд. «Имрӯз мактабҳои олии Қазоқистон барои таҳсили донишҷӯён  тамоми  имкониятҳои инноватсиониро роҳандозӣ карда, роҳҳои  муосири таҳсилро пешниҳод мекунанд. Фикр мекунам, мактабҳои олии Қазоқистон барои донишҷӯёни хориҷӣ афзалиятҳои хуб пешкаш менамоянд. Маблағе, ки  ҳангоми таҳсил дар кишвари мо сарф мешавад, нисбат ба таҳсил дар Россия камтар буда, барои донишҷӯёни хориҷӣ тахфифҳои махсус низ роҳандозӣ шудаанд»,- зикр намуд Нурлан Сейтимов.

Сафир инчунин пешниҳод намуд, ки намоишгоҳи «Рӯзи маорифи Казоқистон» анъанавӣ гашта, дар Тоҷикистон  ҳар сол гузаронида шавад.

Хотиррасон мекунем, ки намоишгоҳ то 16 май идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он дар бораи мактабҳои олии ин кишвар маълумоти пурра ба даст оранд.

Рузхои Маорифи Казокистон (6)

 

 

Май 15, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад