Варзишгарони ҷавони тоҷик дар Ӯзбекистон соҳиби нуҳ медал гардиданд

Май 15, 2017 11:42

Душанбе, 15.05.2017. /АМИТ«Ховар»/  Рӯзҳои  11-14-уми май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии барои Ҷоми Осиё  оид ба дзюдо  байни наврасону ҷавонон ба хотираи Устоди варзиш Учқун Муродов баргузор шуд. Дар мусобиқа  варзишгарони тоҷик нуҳ медал (панҷ тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи наврасон Шодмон Ризоев дар вазни  50 кило ва Ҷамолиддин Абдуллоев дар вазни то 66 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд.

Дар Ҷоми Осиё  оид ба дзюдо миёни наврасон ҳудуди 200 варзишгар аз 9 кишвар:  Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тайван, Туркманистон ва Ӯзбекистон  иштирок доштанд. Ба ҳайати  дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон 35 гӯштингир шомил буданд, ки онҳо дар сабқати писарон ширкат варзиданд.

Баъди натиҷагирии мусобиқа миёни наврасон дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо нуҳ медали тилло, ҳафт нуқра ва шонздаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Тайван (3-2-3) соҳиби ҷои дуюм шуд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали тилло дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Дар Ҷоми Осиё  оид ба дзюдо байни ҷавонон дар  шаҳри Чирчиқ варзишгарони тоҷик ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни  81 кило ва Темур Раҳимов дар вазни   100 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Раҳматуллобек Фарҳодов (81 кг) медали нуқра, Эраҷ Абдуллоев (73 кг) ва Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин Шукрона Қарчиева дар сабқати духтарон дар вазни  52 кило медали биринҷӣ гирифт.

Ҳамчунин боз се ҷавони тоҷик ба натиҷаҳои нисбатан хубтар ноил шуданд. Сомон Аламов (55 кг) ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (66 кг) ҷойҳои панҷум ва Нуроншо Бодомаев мақоми ҳафтумро касб намуданд.

Дар мусобиқа миёни ҷавонон дар ҳисоби умумидастаӣ дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо нӯҳ медали тилло, даҳ нуқра ва сездаҳ биринҷӣ ҷойи аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ду медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи дуюм буда, дастаи  Эрон бо ду медали тилло ва як нишони биринҷӣ ҷои сеюмро соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон дар  шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон дувоздаҳ медал (се тилло, чор нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

 

 

 

Май 15, 2017 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
Шоҳмотбозони тоҷик дар Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ дар Будапешт сабқат доранд
Дар Ниммарафони байналмилалии кӯҳии Эко дар Ҳафткӯли Тоҷикистон варзишгарони 12 давлати ҷаҳон ҷамъ омаданд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал муайян гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вориди Тошканд гардид