Ба театри Кӯлоб «Баҳори Ваҳдат» омад

Июнь 21, 2017 15:12

ДУШАНБЕ, 21.06.2017 /АМИТ «Ховар»/.    «Баҳори Ваҳдат»-таҳти чунин унвон аз ҷониби  ҳунармадони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни таърихии миллат- 20- солагии Ваҳдати миллӣ спектакл рӯи саҳна оварда шуд, ки он бори дигар сокинонро ба ватандӯстӣ ва муттаҳидию якдигарфаҳмӣ   даъват менамояд.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад, «Баҳори Ваҳдат» аз рӯи асари Ҷумъа Қуддус дар таҳияи коргардони театри вилоятӣ Раҳмоналӣ Одинаев  рӯи саҳна оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки  муҳтавои спектакл фарогири воқеоти  солҳои 90-ум буда, дар бораи чӣ гуна ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, иттиҳоду ягонагии мардум, пирӯзии  ақлу заковат, аҳамияти сарҷамъии миллат ва  иттиҳоду ягонагии  мардум   нақл мекунад.

 

Июнь 21, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд