ФАЪОЛИЯТИ НАМОЯНДАГИИ САҲА ДАР ТОҶИКИСТОН ЭҲТИМОЛ ПУРРА ҚАТЪ КАРДА ШАВАД
ДУШАНБЕ, 07.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла сомонаи иттилоотии «Ҳамсинфон» хабар додаанд, агар дар конфронси ҳарсолаи САҲА оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Варшава баргузор мегардад, фаъолони ҲНИТ – ташкилоте, ки фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қонунан манъ карда шудааст, даъват карда шаванд, он гоҳ фаъолияти намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон шояд пурра қатъ карда шавад.
Тавре расонаҳо иттилоъ додаанд, аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ҳамчун иштирокчиёни конфронс ва Муҳиддин Кабирӣ, ки дар ҷустуҷӯи Полиси байналмилалӣ – Интерпол қарор дорад, ба сифати маърузакунанда дар ин конфронс ба қайд гирифта шудаанд.
Маълум, ки САҲА аз ҳодисаи соли 2016 рӯйдода (оид ба он поёнтар маълумот медиҳем) барои худ сабақи ибратомӯз нагирифтааст. Агар имсол ҳам муносибати САҲА бо ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ такрор ёбад, пас пурра аз фаъолият мондани намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ҷавоби муносибу мувофиқ ба амалҳои он хоҳад буд.
Бояд гуфт, ки иштироки Тоҷикистон дар САҲА бинобар зарурати дастгирӣ кардан ва тақвият бахшидан ба таъмини амнияту бехатарӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ шуда буд. То як соли охир робитаҳои амиқ ва рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои амниятии байналмилалӣ, аз ҷумла бо САҲА мувофиқ ба ҳадафҳо ва усулҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷорӣ ва ба манфиатҳои таҳкими истиқлолияти он, таъмини давлатдорӣ ва амнияти миллӣ ҷавобгӯ буданд. Яъне робитаҳои Тоҷикистон бо САҲА то замоне, ки дар пойтахти Полша як гурӯҳ одамон ба қавле «иқдом» содир карданд, бе мушкилӣ буд.
Тавре он замон ВАО итттилоъ дода буданд, 19 сентябри соли 2016 намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бо қарори Суди олии Тоҷикистон фаъолияти он ғайриқонунӣ ва худи ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст, бе ягон монеа ба толоре, ки дар он ҷаласаи САҲА мегузашт, ворид шуданд. Ин гурӯҳи 20-нафара либосҳои сафед бо акси аъзою роҳбарони ҲНИТ ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳкумшудагони сиёсӣ» дар тан доштанд.
Ҳайати расмии Тоҷикистон бинобар дар толор ҳузур доштани фаъолони ҲНИТ ва ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, ҷаласаи САҲА-ро тарк кард.
«Ҳузур доштани унсурҳои ҷиноятпеша дар ҷаласаҳои солонаи САҲА оид ба таъмини демократия ва ҳуқуқҳои инсон (ODIHR) обрӯи ин созмонро мерезонад ва барои пеш бурдани муколамаи созанда дар ҷаласаи мазкур мусоидат намекунад… Бинобар ҳамин ҳайати мо иштироки минбаъдаи худро дар кори ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи инсон ғайриимкон мешуморад. Ҳайати Тоҷикистон ҷаласаро тарк мекунад», — омада буд дар изҳороти ҳайати Тоҷикистон. Дар омади гап, изҳороти мазкур дар сомонаи расмии худи САҲА нашр шуда буд.
Баъд аз ин дар шаҳри Душанбе гурӯҳи ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ба намояндагии САҲА муроҷиатнома ирсол карданд, ки дар он оид ба пайдо шудани ҷонибдорони ташкилотҳои мамнӯъ дар ҷаласаи САҲА изҳори ҳайрат карда буданд. Вақте ҷавонон ба муроҷиатномаи худ посух нагирифтанд, онҳо ба таври оммавӣ намоиши эътирозӣ баргузор карданд, ки ба ин эътирозҳо донишҷӯёни чандин мактабҳои олӣ ҳамроҳ шуданд.
Ҷавонони фаъол муддати се рӯз атрофи қароргоҳи намояндагии САҲА ҷамъ омада, сипас муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он сиёсати ин созмони байналмилалӣ нисбат ба Тоҷикистон ба таври қотеъона ва сареҳ маҳкум карда шуд.
«Он муносибатеро, ки САҲА нисбат ба Тоҷикистон раво мебинад, наметавонад нисбат ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, мисли Амрико, Россия, Олмон, Франсия татбиқ кунад… Ҷинояткорон дар тамоми рӯи олам бояд дар зиндон бошанд, на ин ки дар ҷаласаҳои САҲА сайругашт кунанд», — зикр карданд донишҷӯён ва созмони мазкурро ба истифодаи стандартҳои дугона гунаҳкор донистанд.
Воқеан ҳам, тавре таҳлилгарон мушоҳида карданд, ташкилоти мазкур на ҳама кишварҳои САҲА, балки як қисми ками онҳо, асосан ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мавриди танқид қарор медиҳад.
Ҳодисаи соли гузашта чеҳраи аслии САҲА-ро ошкор кард. Ин созмон меъёри қонунҳои амалкунанда ва шартномаҳои баимзорасидаро ҷиҳати таъмини амният дар минтақа дағалона вайрон ва берун аз доираи муқаррарот ва таъйиноте, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаанд, амал кард. Ҳол он ки масъалаҳои зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА мувофиқа шуда буданд, мебоист дар ҳамкории зич ва дар асоси машваратҳо бо ҷониби Тоҷикистон, бо риояи пурраи қонунҳо ва тартиботи дар ҷумҳурӣ муқарраргардида ҳал карда мешуданд.
Соли 2017 муҳлати фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон танҳо моҳи март тамдид карда шуд, ҳол он ки одатан ин масъала то саршавии соли нав баррасӣ карда мешавад. Ғайр аз ин моҳи майи соли 2017 Тоҷикистон аз иштирок дар конфронси САҲА, ки рӯзҳои 23-24 май дар шаҳри Вена баргузор шуда буд, даст кашид.
Аз 1 июли соли 2017 мақоми созмони мазкур дар Тоҷикистон то сатҳи Барномаи САҲА дар Тоҷикистон поён фароварда шуд. Ин сатҳи намояндагӣ ба фаъолияти шуъбаҳоои ин созмон дар минтақаҳои Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, бинобар ин шуъбаҳои созмон дар ноҳияҳои Ғарм, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Шаҳритус баста шуданд.
Дар Душанбе акнун ҳамаи чорабиниҳои САҲА танҳо бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Қаблан кормандони САҲА оид ба чорабиниҳои худ ба Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо хабар медоданду бас.
Бояд зикр кард, ки баъд аз он ки Бюрои ин созмон оид ба демократия ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ/ОБСЕ) дар ҷаласаи худ иштироки тарафдорони ҲНИТ-ро раво дид, пас аз мақоми намояндагӣ то ба сатҳи Барномаи САҲА поён фаровардани созмон дар Тоҷикистон воқеан амали дуруст мебошад.
Хотиррасон бояд шуд, ки қаблан намояндагиҳои САҲА ба пуррагӣ дар кишварҳои Россия, Беларус, Арманистон, Озарбойҷон ва дигар ҷумҳуриҳои ИДМ баста шуданд, чунки роҳбарияти ин кишварҳо фаъолияти САҲА-ро дар ҳудуди мамлакатҳои худ зарур ва мувофиқи мақсад надонистанд.
Тибқи хабари агентии иттилоотии «AzeAz», намояндагии САҲА дар Боку 4 июни соли 2015 бо баҳси калон баста шудааст. Ҷузъиёти ин баҳсро танҳо бо гузашти як сол Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин нақл кардааст. Роҳбарияти САҲА ба ҳамоҳангсози Идораи САҲА дар Боку Алексис Шоҳтахтинский фақат ба хотири он ки дар ҳуҷраи кориаш акси якҷояи худро бо президенти Озарбойҷон Илҳои Алиев гузошта буд, фишороварӣ кардааст (Алексис Шоҳтахтинский, рутбаи сафирӣ дошта, шаҳрванди Франсия аст ва гузаштагонаш аз миллати озар мебошанд).
«Агар бо ман акс гирифтан ҷиноят бошад, пас дар бораи чӣ мо метавонем бо ин созмон гуфтугӯ дошта бошем?- изҳори тааҷҷуб кардааст Илҳом Алиев ва ба САҲА ҳушдор додааст, ки «агар Алексис Шоҳтахтинский аз кор ронда шавад, пас Идораи САҲА дар Боку низ баста мешавад».
Дар Ӯзбекистон намояндагии САҲА аз мақоми сафорат то сатҳи ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА поён фароварда шудааст. Мувофиқи хабари Агентии иттилоотии «NewsFRONT», то охири солҳои 90-ум то баргузории ҳамоиши САҲА дар Истанбул дар ҳамаи 5 ҷумҳурии Осиёи Марказӣ идораҳои САҲА кушода шуда буданд.
Маркази САҲА дар Қазоқистон 18 декабри соли 2014 ба идораи барномавии САҲА дар Остона табдил дода шудааст. Аз соли 1995 дар Тошканд Бюрои САҲА оид ба робита бо Осиёи Марказӣ фаъолият мекард, соли 2000-ум он ба Маркази САҲА дар Тошканд ва баъд аз ҳодисаҳои Андигон, соли 2006-ум ба ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон мубаддал гардонида шудааст.
Маркази САҲА ҳамчунин дар Ашқобод низ фаъолият мекунад. Маркази САҲА дар Тоҷикистон, ки баъдан ба Бюрои САҲА табдил дода шуд, ҳанӯз аз соли 1994 фаъолият мекард. Дар муқоиса бо намояндагиҳои САҲА дар Бишкек, Ашқобод, Остона ва Тошканд Бюрои САҲА дар Душанбе хеле фаъолона, бо 160 корманд ва баррасии масоили васеъ фаъолият мекард.
Рисолати дарозмуддати намояндагии САҲА дар Душанбе ҳадафҳои васеъро дар бар мегирифт, ки барои ислоҳоти сохтори сиёсии мамлакат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва омода намудани кадрҳо нигаронида шуда буд.
Айнан чунин чорабиниҳо, аз ҷумла омӯзонидани прокурорҳо, ҳуқуқшиносон ва судяҳо дар мавриди донистани ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба эътиқодҳои динӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон гузаонида шуданд. Соли 2010, дар авҷи шӯру шари ҳодисаҳои вилояти Ӯши Қирғизистон оид ба фиристонидани намояндагони полиси САҲА ба маҳали даргириҳо аз ҷониби шӯрои доимоамалкунандаи САҲА масъалагузорӣ шуда, 15 июни соли 2010 шӯрои мазкур вобаста ба вазъият дар Қирғизистон изҳороти худро тасдиқ кард.
Аз 24 то 28 июни соли 2010 дар Бишкек «ҳайати неруҳои полис»-и САҲА барои таҳияи нақшаи амал ҷиҳати расонидани кумаки машваратӣ ва баҳогузорӣ, инчунин барқарор намудани ҷараёни сулҳ дар ҷануби кишвар қарор дошт.
Дар натиҷаи якчанд мулоқот дар Вена ва Бишкек нақшаи амал барои «Гурӯҳи машваратии полиси САҲА» — нахустин сохтори сулҳофарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қабул карда шуд. Дар назар дошта шуда буд, ки гурӯҳи мазкур вазифаҳоро оид ба баҳогузорӣ, роҳбарӣ ва машваратдиҳӣ иҷро мекунад, вале омадани ин гурӯҳ мавқуф гузошта, баъдан аз ин лоиҳа пурра даст кашида шуд.
Ҳанӯз соли 2004 кишварҳои ИДМ камбудиҳои ҷиддии САҲА-ро ошкор карда буданд, ки ин созмон бештар ба масъалаҳои гуманитарӣ аҳамият дода, барқасдона ба як кишвар таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд зоҳир мекунад ва дар баробари ҳамин мушкилоти дигар кишварҳоро нодида мегирад.
Мутаассифона, дар фаъолияти САҲА ягон тағйироти мусбат нашуд, балки ин созмон торафт бештар ба буҳрон гирифтор шуда истодааст.
«Намояндагиҳо ва ҳайатҳои назоратии САҲА ба асбоби мудохилакунанда ба корҳои дохилии мамлакатҳо мубаддал гардидаанд, ки бо дастгирии қувваҳои ғарбгаро ба ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ ва аз байн бурдани низомҳои сиёсии барояшон ғайримақбул машғул мешаванд», — навиштааст агентии иттилоотии «NewsFRONT».
Ҳамин аст, ки кишварҳое, ки дар онҳо намояндагиҳои САҲА фаъолият доранд, ҳар чӣ бештар аз пештар изҳор мекунанд, ки намояндагони «мустақил»-и САҲА-ро дидан намехоҳанд.