Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон сафар намуд

Октябрь 12, 2017 15:21

ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи   мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 ба шаҳри Табрези Эрон сафар кард.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» аз 15 то 17 октябр доир мегардад. Мусобиқа бо бозӣ байни дастаҳои  мунтахаби  футзали Афғонистон ва Эрон 15 октябр оғоз мешавад. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобати хешро бар зидди  дастаи мунтахаби Афғонистон 16 октябр анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки  мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ 17 октябр бо бозӣ миёни  дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6 то 18 феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, аз гурӯҳи «В» ду дастаи беҳтарин роҳ меёбад.

 

Октябрь 12, 2017 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюмро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом дод
Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Шоми имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Португалия оид ба футзал бозӣ мекунанд
ЛИГАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ. «Равшан» бозии якумро бо дастаи футболи «Моҳун Баган» доир намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Равшан» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё бозии якумашро анҷом медиҳад
Дар Минск мусобиқаи футбол ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Истиқлол» дар доираи даври аввали Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2 бо «Шарҷа» бозӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал нахустин бозиро анҷом дод
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди таэквондо баргузор гардид
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими миллии Марокаш бозӣ мекунад
Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд