Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 ба шаҳри Табрези Эрон сафар кард.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи «В» аз 15 то 17 октябр доир мегардад. Мусобиқа бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби футзали Афғонистон ва Эрон 15 октябр оғоз мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин рақобати хешро бар зидди дастаи мунтахаби Афғонистон 16 октябр анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи интихобӣ дар ин гурӯҳ 17 октябр бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад.
Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6 то 18 феврали соли 2018 дар Тайван баргузор мешавад, аз гурӯҳи «В» ду дастаи беҳтарин роҳ меёбад.








Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид
Дар Душанбе Варзишгоҳи миллӣ ба истифода дода мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Футбол имрӯз на танҳо як намуди варзиш, балки омили муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии халқҳо гардидааст»
Дар шаҳри Оснабрюки Олмон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқа баргузор гардид
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстонаи моҳи июн эълон гардид
РӮЗИ ҶАВОНОН. Дар Москва бо варзишгарони тоҷик, аз ҷумла варзишгарони параолимпӣ вохӯрӣ баргузор гардид






