Сокини ноҳияи Нуробод барои гузаронидани маъракаи гаҳворабандон панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима гардид
НУРОБОД, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Нуробод сокини ҷамоати деҳоти Комсомолобод Мавлон Таибовро барои гузаронидани маъракаи гаҳворабандони наберааш дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора судяи Суди ноҳияи Нуробод Мадина Камолзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда бар хилофи талаботи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бояд маъракаи гаҳворабандон дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда шавад, ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо додани ду таом гузаронидааст.
Мавлон Таибов соҳиби даҳ фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад. Сатҳи зиндагияш паст буда, зимни баргузории маъракаи гаҳворабандон як наберааш бемор будааст.
Вале ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи зиёда аз ду ҳазор сомонӣ маъракаи гаҳворабандонро бодабдаба гузаронидааст.
Тибқи иттилои судя Мадина Камолзода, суди ноҳияи Нуробод дар нуҳ моҳи соли равон 152 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниро баррасӣ намудааст, ки 4 адади онҳо оид ба иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.