ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ҶАМЪБАСТ ШУД: шаҳри Душанбе-намунаи ибрат
ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар бинои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои талаботи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Ситоди ҷумҳуриявии даъвати тирамоҳии соли 2017 баргузор гардид.
Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ — муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки дар натиҷаи ташкили дурусти корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи ватандӯстию ватанпарварӣ дар байни ҷавонони кишвар даъвати тирамоҳии соли равон пеш аз муҳлат таъмин гардид.
Дар ин радиф фаъолияти комиссияи даъватӣ ва комиссариати ҳарбии шаҳри Душанберо махсус қайд кардан ҷоиз аст. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тавонист даъватҳои баҳорию тирамоҳиро дар муҳлати як моҳ бомуваффақият анҷом диҳад, ки ин шоистаи ибрат мебошад.
Мутобиқи маълумоти ҷамъбастии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои Носири Хисрав, Ш. Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ва ноҳияҳои Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд муяссар гардид, ки нақшаи даъватро дар даҳрӯзаи аввал иҷро намоянд. Ба масъулини шаҳру ноҳияҳои мазкур изҳори сипос баён карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки мушкилоти мавҷудаи даъвати ҷавонон барои адои хизмати Модар-Ватан тамоюли камшавӣ дошта, аз рӯи мушоҳидаҳо ҳолатҳои ба таври иҳотагирӣ ҷалб кардани ҷавонон низ коҳиш ёфтааст ва баъзе ҳолатҳои рухдиҳанда ба саркашии ҷавонон аз адои қарзи фарзандиашон иртибот дорад.
Муовини Сарвазири мамлакат вазъи даъват ба сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баъзе шаҳру ноҳияҳои калони кишвар ташвишовар баён намуд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Қубодиёну Фархори вилояти Хатлон, Хоруғи ВМКБ, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Файзобод иҷрои нақшаи даъват то рӯзҳои охири моҳи ноябр кашол ёфт. Ин тарзи муносибат аз бепарвоӣ ва муносибати ҷиддӣ надоштани раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мазкур шаҳодат медиҳад.
Вобаста ба ин, ба масъулин ва комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Рашт, Лахш, Фархор ва Қубодиён танбеҳ ва шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Исфара ва Файзобод огоҳӣ эълон карда шуд.
Бо мақсади роҳ надодан ба чунин камбудиҳо муовини Сарвазир аз масъулин даъват ба амал овард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғибот ва дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарварӣ тарбия намудани ҷавононро пурзӯр карда, тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба беҳтар гардидани шароити буду боши сарбозон, таъмини ғизо ва либоси низомии онҳо намоишҳои воқеӣ таҳия ва пешниҳод намоянд.








Ғолибони озмуни «Донандаи беҳтарин асарҳои Пешвои миллат» дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ муайян гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид






