Шумораи заҳролудшудагони ноҳияи Ишкошим ба 43 нафар расид

Февраль 22, 2018 17:33

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи  ҷабрдидагон аз  ноҳияи Ишкошим, ки дар натиҷаи  истеъмоли орди заҳролудшуда  ба Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ   интиқол ёфта буданд, ба 43 нафар расидааст. Аз онҳо 12 нафарашро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иттилоъ дод.

Ба иттилои М.Камолзода, айни ҳол вазъият ором буда, беморон зери назорати қатъии табибон қарор доранд.

Тавре чанде қабл иттилоъ дода будем,  бори аввал  17 январи соли равон   5 нафар  сокинони ҷамоати  деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошими  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон      бо гумони заҳролудшавӣ фавран бистарӣ  шуда буданд.

Аз тарафи   Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  як гурӯҳ  мутахассисон  ба ҷои ҳодиса равон  карда шуданд. Баъд аз ташхисҳо маълум гардид, ки сабаби заҳролуд шудани сокинон гандуме будааст, ки аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон    ба ноҳияи Ишкошим оварда шудааст.

Ба иттилои Вазорат, баъд аз  муоина ва ташхиси пурра  аз тарафи  мутахассисони  вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар беморони бистаригардида ташхиси «Заҳролудшавӣ бо тухми гелиотроп. Гепатити гелиотропӣ», ки дар таркиби орд ёфт гардид,     муайян карда шуд.

Таҳти ҳамоҳангии мутахассисони сатҳи ҷумҳурӣ аз рӯзи якуми ҳодисаи мазкур дар муддати як ҳафта гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳавӣ дар ҷамоатҳое, ки сокинонаш гандуми заҳролудгардидаро  харидорӣ кардаанд, аз ҷумла, дар деҳаҳои Питуп, Лангар, Вичкут ва Туғгози  ноҳияи Ишкошим  муоинагардиш  анҷом дода, дар маҷмӯъ    4 ҳазору 440 кг гандуми дорои тухми гелиотроп ва 85 кг орди заҳролудгардидаро бозпас гирифтанд. Ин маҳсулот бо тартиби муқарраргардида  нобуд карда шуд.

Февраль 22, 2018 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст