Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти ду корхонаи пойтахт шинос шуд

Июнь 12, 2018 17:29

ДУШАНБЕ, 12.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Чарм» шинос шуд.  

Сараввал  Сарвазири мамлакат аз фаъолияти  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии нассоҷии тоҷик Бофанда» дидан намуд.

Аснои шиносоӣ Сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи бузурги истеҳсолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз тамоми имконият самаранок истифода намоянд ва баҳри тақвият бахшидани корҳои истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Зеро, пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ имконияти мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, молистеҳсолкунандагони ватанӣ дастгирӣ меёбанд.

Ҳамин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат бахши хусусӣ рушд карда, садҳо корхонаҳои хурду бузурги истиҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд.

Сарвазири мамлакат таъкид намуд, дар сурате, ки аз ҷониби Пешвои миллат тадбирҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст, ниҳодҳои дахлдор ва соҳибкорони ватаниро зарур аст, барои тақвияти иқтидори истеҳсолии воридотивазкунанда чораҳои зарурӣ андешанд. Зеро бо ин васила ҳам иқтисоди миллӣ рушд мекунад ва ҳам сокинон соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида,  сатҳи зиндагии хешро баланд мебардоранд.

Сарвазири мамлакат барои таҳлил ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолии корхона аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор таъсис додани гурўҳи кории салоҳиятнокро талаб намуда, ба вазорату идораҳои соҳавӣ дастур дод, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди минбаъдаи корхона чораҷўӣ намоянд.

Сарвазири мамлакат ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Чарм», ки асосан ба истеҳсоли пойафзол машғул аст, шинос шуд. Дар ин корхона ҳам барои низомиён ва ҳам барои сокинон пойафзол истеҳсол карда мешавад.

Бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда фаъолияти ин корхона марҳила ба марҳила тақвият ёфта, имрўз маҳсулоти истеҳсолии корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир мебошад.

Сарвазири мамлакат фаъолияти ин корхонаи истеҳсолиро хуб арзёбӣ карда, ба масъулон дастур дод, ки барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо пойафзол бо истифода аз технологияи муосир истеҳсолотро боз ҳам зиёд намоянд.

 

 

Июнь 12, 2018 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд